Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Вале пеш аз он, ки навбатчигиро ба ӯ супурад, шикорчии пир худаш ҷароҳатҳои маҷрӯҳро кушода аз нав баст. Зеб хосиятҳои шифобахши растаниҳоро нағз медонист. Дар наздикии кактус нопаль рӯида буд, ки шираи он барои рӯй гирифтани ҷароҳат марҳами нағз буд. Пирамард медонист, ки агар он ба ҷароҳат гузошта шавад, дар як шабонарӯз ба фароҳам омадан сар мекунад ва пас аз се рӯз тамоман сиҳат мешавад.
Зеб мисли аксарияти аҳолии маҳаллӣ ба хосиятҳои шифобахши кактусҳо боварии калон дошт ва агар дар он наздикиҳо духтур лаб зада бошад ҳам, ягон каси онҳоро ба назди бемор чеғ намезад. Ӯ боварӣ дошт, ки Морис Чералдро ягон хатар таҳдид намекунад — алалхусус, ҷароҳат.
Хатар бошад ҳам, вале дигар хел хатар буд.
— Хӯш, мистер Фелим, — ҷароҳатбандиро ба охир расонида гуфт Зеб, — мо барои муолиҷаи ҷароҳатҳо ҳар кори аз дастамон меомадагиро кардем, акнун ғами хӯроки беморро хӯрдан лозим... Ту мегӯӣ, ки ягон чизи мехӯрдагӣ нест.
— Ҳеҷ чиз нест, мистер Стумп. Аз ин ҳам гандатараш дар тамоми хона як чакра нӯшиданӣ нест!
— Муттаҳам, ҳамаашро ту нӯшидай! — хашмгинона фарёд зад Зеб. — Агар ту наменӯшидӣ, то қувват гирифта сари по хес-, тани ҷавон вискӣ кифоя мекард. Акнун, чӣ бояд кард?
— Шумо бекора маро сарзаниш мекунед, мистер Стумп. Ман фақат аз кумкуман хӯрд нӯшида будам. Сурохиро ҳиндуён холӣ кардаанд. Ба виҷдонам қасам!
— Дурӯғ нагӯӣ! Танҳо аз вискии кумкума будагӣ ту маст шуда намеафтидӣ. Ман шиками бетаги туро бисёр нағз медонам ва ҳазор гап занӣ ҳам, бовар намекунам. Аз суроҳӣ ҳам анчакак хӯрдӣ.
— Ба ҳама авлиёю анбиёҳо қасам!
— Ҳамроҳи авлиёю анбиёҳот ба ҷаҳаннам рав! Танҳо аблаҳон ба онҳо бовар мекунанд... Хайр, манах, назан! Тамоми вискиро ту дам кашидай — вассалом. Барои вискӣ шуда бист мил рафта омадан кори осон не, дар наздикиҳо бошад ёфт намешавад. Қаноат кардан дуруст меояд.
— Чӣ илоҷ кунем?
— Дамата набароварда ба гапам гӯш кун. Бе нӯшокӣ-ку қаноат мекунем, аммо аз гуруснагӣ муфт мурдан маъние надорад. Бемори мо пӯсту устухон шуда мондааст. Худам ҳам чунон гурусна ки гӯшти мурғи марҷон он тараф истад, аз гӯшти койот рӯ намегардондам. Ту дар назди бемор шин, ман ба лаби дарё меравам ва мебинам ки ягон чиз задан мумкин аст ё не.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор