Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Зебро чунон моту мабҳут монда рафт, ки ӯ то ҳол дар умраш ба ин сон мутаҳайир нагардида буд.

Пас аз холӣ кардани тир Зеб Стумп якчанд сония аз сари зону нахест.

Агар то холӣ кардани тир тахтапушти ӯ ваҷаррос мезада бо-шад, акнун ларза ба андомаш афтид. Зеб на фақат мутаҳайир, балки аз даҳшат карахт шуда буд. Шикорчии пир боварии ко-мил дошт, ки тираш адл ба дили савора, ё худ, ба ҳар ҳол, ба он ҷое расидааст, ки мебоист бояд дили одам воқеъ гардида бошад.

Вай одам буд ё не? Зеб қарор дод, ки не. Ва агар асп, шиҳа-кашини тоқатфарсои иблисонаи ӯ намебуд, ки аз он шикорчӣ талҳакаф шуда, гӯё вараҷааш гирифта бошад, дарак-дарак ме-ларзид, ин фикр, шояд, ба вай таскин мебахшид. Зеб гурехтанӣ шуд, аммо аз ҷой хеста натавонист. Ва то дами дар фазои пур-моҳтоби дашт ғоиб гардидани савораи ваҳшатнок, ӯ ҳамоно ги-чу гаранг ба зону меистод. Фақат пас аз ин каме ба худ омада, мадори ба кулба баргаштан кард.

Ба кулба даромадан пас ба худ омад ва дар бораи ин ҳоди-саи аҷиб оромона фикр карда тавонист. Фикри худи иблисро ди-данаш якбора аз сараш дур нашуд. Вале аз рӯи фикри солим ба хулоса меомад, ки ин аз ақл берун аст. Аммо вай дигар ягон сабаб ёфта натавонист.

— Гумон аст... — давом намуд ӯ, — ки ҳамоно дар овозаш шубҳа ҳис карда мешуд, — гумон аст, ки ӯ маҳлуке аз он дунё омада бошад, — вагарна ба бадани вай расида шалаппос зада-ни тирро чӣ тавр мешунидам? Маълум, ки кӯргошим ба кадом-як бадан расид, — вале охир арвохҳо ҷисм надоранд... Май-лаш! — суханашро ба охир расонид шикорчӣ, ки зоҳиран дигар зӯр зада ба ин ҳодисаи аҷиб сабабе ёфтан намехост. — Дигар ҳоҷати майна об кардан нест! Аз ду яке: ё ин хӯсаест, ки ба он латтакӯҳна ҷой кардаанд, ё иблис!

Вақте ки Зеб ба кулба даромад, ҳамроҳи ӯ равшании осмо-ниранги пагоҳирӯзӣ ба он ҷо ворид гардид.

Акнун Фелимро бедор кардан лозим буд, ки ҳамроҳи бемор нишинад. Ӯ акнун хушёр шуда буд ва барои бисёр хобиданаш, худро каме гунаҳкор ҳис мекард ва хурсанд буд, ки ин вазифаро ба зиммаи худ мегирад.

пешина
аз 509
навбатӣ