Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
карда буд, ки рост ба синаи савораи бесар нишон гирифтан мумкин буд.
Агар боз сонияе мегузашт, тир синаи ӯро мешикофт; аммо нохост фикре ба хаёли шикорчӣ гузашт:
«Агар бо ин корам одамро кушта монам-чӣ?»
Зеб мили милтикро фуровард ва дақиқае дудила шуд.
— Шояд, вай одам бошад? — ғур-ғур кард ӯ. — Агарчи чандон монанд не... Гумон аст, ки дар зери ин латтакӯҳнай мексикой барои сар ҷой кифоя бошад. Агар ӯ дар ҳақиқат одам бошад, дар он сурат, ба гумонам, бояд забон дошта бошад, лекин он дар куҷо ҷой гирифтанаш мумкин — намедонам... Ҳей, марди ношинос! Вақти сайру гаштатонро ёфтед! Саратонро дар куҷо фаромӯш кардед?
Ҷавоб шунида нашуд. Фақат асп овози одамро шунида, фириққос зад. Вассалом.
— Гап ҳамин, марди ношинос! Бо шумо Зеб Стумпи куҳансол аз штати Кентукки гап мезанад. Ӯ аз он касони шӯхӣ мебардоштагӣ не. Ман мехоҳам, ки шумо кушоду равшан гап занед. Хӯш, ҷавоб диҳед, ё худ мепарронам!
Аз нав ҷавобе шунида нашуд. Ҳатто асп фақат сар ҷунбонид, зоҳиран ӯ акнун ба овози Зеб одат карда буд.
— Бало ба пасат! — фарёд зад шикорчӣ, ки хомӯшӣ ӯро ба газаб оварда буд ва ба назараш таҳқиромез менамуд. — Ба ту боз шаш сония вақт медиҳам ва агар ҷавоб надеҳӣ, мепарронам! Агар хӯса бошӣ, ин ба ту осебе намедонад. Хусусан агар иблис бошӣ, дар он сурат тир ҳаргиз ба баданат кора намекунад. Вале агар одам бошӣ ва худро мурда нишон диҳӣ, барои ин аҳмақият лоиқи тир ҳастӣ. Хӯш, ҷавоб деҳ! — ба гапаш давом намуд, ки торафт газабаш боло мегирифт. — Ҷавоб деҳ, ба ту мегӯянд!... Намехоҳӣ? Майлаш! Ман мепарронам! Як, ду, се, чор, панҷ, шаш...
Агар шумур боз давом мекард дар ҳамон лаҳзае, ки «haft» мебоист садо медод, садои қарсаси баланди тир, хуштаккашии он ва баъд овози пасти задани зарба шунида шуд — ин садои кӯргошим буд, ки ба кадом як чиз сахт расид.
Тир, зоҳиран, ҳеҷ натиҷа набахшид — фақат асп ҳаросон шиҳа кашид. Савора ҳамоно оромона дар хонаи зин менишаст.
Бо вуҷуди он, асп ҳам гӯё чандон натарсид. Ба назари шикорчӣ чунин намуд, ки дар овози чарангдори шиҳакашии ӯ истеҳзо мешунавад.
Ва ба ҳар ҳол асп якбора пеш ҷаҳид ва бод барин тохта,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор