Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
китф намоён буд; пойҳояш дар сояи ҳайвон наменамуданд, аммо дурахши ӯзангу ва маҳмезҳо нишон медоданд, ки савора пой дорад. Вале дар рӯи китфонаш чизе набуд.
Зеб Стумп чашмонашро молида нигоҳ кард, боз молиду боз нигоҳ кард, вале рӯҳе ҳамоно зайли пештара буд. Агар ӯ ҳамин корро ҳаштод маротиба такрор мекард ҳам, аз дусар дар пешиназараш ҳамон андом — савораи бесар намоён мебуд.
Шубҳа кардан ғайри имкон буд. Ӯ медид, ки чӣ тавр асп аз канори ҷарӣ оҳиста-оҳиста, вале дилпурона қадам партофта меравад; аммо садои суми асп шунида намешуд, гӯё ки вай роҳ намепаймуд, балки тарҳе буд, ки дар майдони сояҳо мелағжид.
Ин шабаҳи яклаҳзаина набуд: Зеб басе дуру дароз ба вай нигоҳ кард — ба ҳар ҳол ба андозаи дуру дароз, ки ҳама ҷузъиёташро бубинад, ба андозаи дуру дароз, ки боварӣ ҳосил намояд, ки сароб, саҳви назар, хаёли ботил намебошад.
Шабаҳ оҳиста-оҳиста ва баъд аз он ғоиб мешуд: аввало сари асп панаҳ шуд, баъд гардану сари сина, пас савора — шабаҳ тимсоли бадхайбат, — ва, ниҳоят, сагрии асп ва думи дарози парефонаш.
— Иосафат!
Ин хитоб на аз барои он аз даҳони Зеб Стумп баромада монд, ки ӯ аз ғоиб шудани савора дар тааҷҷуб буд. Дар ин ҳеҷ ҷои шубҳа набуд. Шабаҳ дар паси парда — бо ибораи дигар, дар паси нӯги дарахтон, ки бар болои ҷарӣ афрошта буданд, ғоиб гардид.
— Иосафат!
Ин нидои дӯстдошта ду бор аз даҳони шикорчӣ баромада монд ва ҳар ду дафъа ҳам дар он тааҷҷуб ва даҳшати бепоён ифода меёфт.
Аз қиёфаш вай эҳсосоти шикорчиро бо осонӣ пай бурдан мумкин буд: бо вуҷуди диловариаш ӯ як қад парид ва ҳатто лабони аз шираи тамоку ҷигаррангаш сафед канданд.
Мисли ин ки лол гашта бошад, чанд гоҳе Зеб тап назада хомӯш истод.
Оқибат ӯ аз нав қобилияти тап задан пайдо кард.
— Арвоҳ занад! — ҳамоно аз ҷое, ки навакак думи асп ғоиб гардида буд, чашм наканда, бо овози хеле паст ғур-ғур карда гуфт ӯ. — Фелим дуруст гуфта будваст. Ман фикр кардам, ки дар мастӣ ба назараш намудааст! Вале не! Ӯ, ман барин, дар ҳақиқат дида будааст. Ҳеҷ ҷои тааҷҷуб надорад, ки каме тарсидааст. Иосафат! Ин чӣ бошад?.. Ин чӣ бошад?.. — пас аз чанд гоҳе фикр кардан такрор кард Зеб. — Бо вуҷуди ин, ман

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор