Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

сари ин муамморо мекушоям! Агар ин рӯзона ё агар наздик мебуд, ман ӯро дурустакак муоина мекардам. Чаро ба вай наздик наравам? Арвоҳ занад, имтиҳон карда мебинам. Агар вай худи иблис бошад ҳам, маро намехӯрад-ку! Вале агар дар ҳақиқат ӯ иблис бошад ҳам, ман боз озмуда мебинам, ки ҷинро бо тир аз зин зада ғалтонидан мумкин аст ё не. Хайр, ҳар чи ки набошад, хоҳ инс бошад, хоҳ ҷинс, рафта, бо ӯ шинос мешавем.

Шикорчӣ ин суханонро гуфта ба сӯи пайраҳае, ки ба лаби ҷарӣ мебурд, равон шуд.

Хоҷати ба кулба баргашта милтиқ гирифтан набуд, зеро вақти уллоси сагро шунида тохта баромадан онро ҳамроҳаш гирифта буд.

Агар савораи бесар фиристодаи он дунё не, балки ҷисму ҷони зинда мебуд, Зеб Стумп комилан умед баста метавонист, ки аз нав бо ӯ вомехӯрад.

Вақте ки шикорчӣ аз дари ҳақале ба ӯ менигарист, савора рост ба сӯи пастҳамие, ки бо он аз ҳамвории болоӣ ба водии Аламо фуромадан мумкин буд, асп меронд. Зеб бо ҳамон пайраҳа равон шуд ва агар ба шарте савораи бесар роҳро дигар намекард ва аспаш аз юрга ба чорхез намегузашт, умед дошт бо ӯ дар лаби ҷарӣ вохӯрад.

Шикорчӣ зуд тахмин кард, ки то он ҷо чӣ қадар роҳ аст ва барои тай кардани он чанд вақт лозим.

Тахмини вай рост баромад. Вақте ки сари ӯ қариб ба сатҳи ҳамворӣ баробар шуд, китфони бар болояш қад афроштаи савораро дид.

Боз як қадами дигар аз пайраҳа боло гузошта буд, ки тамоми андоми савора намоён гардид.

Боз як қадам гузошта буд, ки асп аз ёл то думаш дар фони осмон намудор шуд.

Зоҳиран, асп поён фуромаданӣ шуда, дар лаби ҷарӣ қарор гирифт. Эҳтимол, савора аз рӯи эҳтиёт лаҷоми аспро кашид? Ё ӯ садои помонии шикорчиро шунид? Аз афташ, асп бӯй бурд.

Ҳар хеле ки набошад, асп дар рӯ ба рӯи шикорчӣ меистод.

Зеб ин суроби аҷибро дида, дар ҷояш истод. Ба ҷои вай дигар кас мебуд, эҳтимол, мӯи сараш рост мехест. Чӣ тавре, ки баъд худи Зеб иқрор шуд, ҳатто «бадани ӯ ваҷаррос зад».

Вале шикорчӣ қатъӣ қарор дод он мақсаде, ки ӯро ба ин ҷо оварда буд, иҷро кунад: дониста гирад, ки ӯ кист — одам аст ё иблис.

Зеб фурсатро аз даст надода, милтиқро аз китф фуровард; ба мили милтиқ чашм давонид; моҳ ҳама ҷоро чунон равшан

пешина
аз 509
навбатӣ