Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
мумкин буд, вале дар омезиш бо ҳама далелҳои ба ӯ маълум, пирамардро боз ба изтироб низ меандохт.
Ӯ дар бораи муноқиша... кулоҳ... боронӣ... фикр мекард. Фикру хаёли Зеб дар лабиринти фарзу тахмини даҳшатангез беқарорӣ мекарданд. Дар ҳаёташ ҳеҷ гоҳ вай ин гуна саргаранг нашуда буд. Ӯ худро оҷиз ҳис намуда, нолиш кард.
Зеб берун баромада наменигарист, зеро медонист, ки агар «мунтазамиён» биёянд ҳам, ба ҳар ҳол шаб намеоянд.
Фақат як маротиба берун баромад: ин қариби субҳ, ҳамон вақте буд, ки равшании моҳ аллакай бо аввалин шуълаҳои саҳар омехта мешуд.
Барои ҳамин берун баромад, ки уллоси тӯлонии ҳазини Тара, ки дар байни буттаҳо сарсону саргардон мегашт, ӯро ба ташвиш андохт; пас аз як сония саг ҳаросон тохта ба кулба даромад.
Зеб шамъро хомӯш карда, оҳиста берун баромада гӯш андохт.
Овозҳои шабонаи чуку чундори беша хомӯш мегардиданд — оё сабабаш уллоскашии саг набуд? Вале чаро ӯ уллос кашид?
Шикорчӣ аввало ба маргзори назди кулба, баъд ба канори доманаи беша назар андохт, пас ба девори тираи дарахтон бо диққат нигоҳ кард. Ягон чизи ғайриоддие надид — ҳамааш ҳарвақта барин буд.
Дар фони осмон тарҳи тираи шӯҳи калон ҷудо шуда меистод ва аз ду тарафи он нӯғи дарахтон сиёҳӣ мекарданд. Дар байни суроби кулбаҳо масофаи холие намудор буд, ки тахминан панҷоҳ метр меомад — шикорчӣ медонист, ки ин қанори ҳамвории болоӣ мебошад.
Моҳтоб бо нури худ канори ҷариро фурӯзон мекард ва дар фони осмон ҳатто хазида гузаштани морро дидан мумкин буд. Вале дар он ҷо ҳам касе наменамуд.
Бо вуҷуди он баъзе садоҳоро шунидан мумкин буд. Аз тарафи ҳамворӣ садои пасте шунида шуд — гӯё наъли аспе бар санг хӯрд.
Зеб ҳамин тавр қарор дод ва бодиққат гӯш мекард, ки садо такрор мешавад ё не.
Садо такрор нашуд; вале шикорчии пир дар тахмини худ саҳв накард — аз паси нӯғи дарахтон асп намоён гардид, ки лаб-лаби ҷарӣ роҳ мепаймуд.
Ба асп одам савор буд. Ҳам асп, ҳам савора дар фони осмони рахшон тарҳи сиёҳ барин менамуданд. Асп мисли ҳайкали қораши нозуктарини бенуқсон буд. Тарҳи савора фақат аз зии то

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор