Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Гранде баргардад, нигоҳ дошта наметавонад. Ӯ наметарсад, ки дар дашт ки роҳаш аз он ҷо мегузарад, одам куштаанд. Шабаҳи савораи бесар, ки ӯро дар он ҷо дидаанд, Исидораро боз камтар дар ташвиш мемононад. Он чи ки аксариятро метарсонад, ба назари Исидора ғалати менамояд.

Ӯ худаш танҳо сафар кардани мешавад. Дон Сильвио ба вай иборат аз даҳ нафар вакерои тамоман сар то по мусаллаҳ посбон таклиф мекунад.

Исидора қатъиян не мегӯяд.
Ӯ ҳамроҳаш Бениторо намебарад?
Не, ӯ танҳо рафтанро афзал медонад. Ӯ ҳамин тавр қарор додааст.

Субҳи рӯзи дигар Исидора ба роҳ мебарояд. Баробари сапеда дамидан ӯ ба хонаи зин менишинад. Ду соат нагузашта вай ба соҳили Рио-Гранде не, балки ба соҳили Аламо наздик мешавад.

Чаро вай чарх зада роҳро ин қадар дур мекунад? Боз роҳро гум накарда бошад.

Не, мусофири роҳ гумкарда тамоман дигар хел менамояд.
Рости гап, чеҳраи Исидора ғамгин мебошад, вале дар он саросемагӣ дида намешавад. Аспаш ҳам ба савор итоат карда, боварнок ба пеш метозад.

Не, Исидора раҳгум назада буд. Ӯ роҳро медонад.
Барои вай нағз мешуд, агар роҳро гум мекард.

БОБИ LVI

ИБЛИС ТИР МЕХӮРАД

Бемор шаби дароз мижа таҳ накард. Ӯ гоҳ хомӯш мегардид, гоҳ девонавор олой гуфта худро ба ҳар тараф мепартофт. Шикорчии пир шаби дароз аз сари болини вай дур нарафт ва ба суханони берабти ӯ гӯш мекард.

Он чи ки ӯ шунид, фақат тахмини ӯро тасдиқ мекард, ки Морис ба Луиза ошиқ аст ва додари ӯ кушта шудааст!

Дар ҳар ҳол ҳодисаи дуюм шикорчии пирро маҳзун гардониданаш

пешина
аз 509
навбатӣ