Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

додари ӯро шунида, аз нав гумону шубҳаи рашкомези худро ба хотир овард.

Аммо дере нагузашта ин эҳсос ба он фориғболӣ тан медиҳад, ки мо одатан ба қисмати одамони бароямон бегона рафтор менамоем.

Якчанд соат мегузарад ва фориғболӣ ба завқу завқи азият-овар — дурусттараш, ба ҳисси қалб аз вуқӯи даҳшатангез табдил меёбад. Овозаҳои нав паҳн мешаванд. Команчиҳо не, балки Морис-мустангер одам куштааст! Ҳиндуҳо дар ин наздикиҳо нестанд.

Ин хабарҳои нав хотири хизматгорони дон Сильвиоро ҷамъ мекунанд, вале ба ҷияни вай тамоман дигар хел таъсир мебахшанд. Ӯ ҷои нишастан намеёбад, Исидора пас аз ним соат аспи худро дар назди дари меҳмонхонаи Обердофер нигоҳ медорад.

Якчанд ҳафта инҷониб бо сабабҳои номаълум Исидора бо ҷидду ҷаҳд «забони америкоиҳоро» меомӯхт. Агарчи захираи калимаҳои англисии ӯ ҳанӯз хеле кам бошад ҳам, барои он кифоя аст, ки доир ба куштор не, балки қотили гумонӣ пурсуҷӯй намояд.

Соҳиби меҳмонхона, бо кӣ гуфтугӯ доштанашро фаҳмида, ба саволҳои вай боназокат ҷавоб медиҳад. Исидора дониста мегирад, ки Морис Чералд аллакай аз меҳмонхона рафтааст ва ғайр аз ин ҳама тафсилоти маълуми кушторро аз забони дигарон мешунавад.

Исидора бо дили пурандӯҳ ба асиендаи амакаш бармегардад. Дар он ҷо боз ҳаяҷону изтироб ҳукмфармо мебошад. Сабаби бесаранҷомии нав ба назар хандаовар намуданаш мумкин буд, вале пеонҳои хурофотпараст дигар ақида доштанд.

Овозаи нави аз ақл берун онҳоро ба изтироб андохт: дар наздикии Нуэсес шахси бесареро дидаанд, ки савори асп ба дашт мерафтааст. Сарфи назар аз ҳарза намудани ин овоза, шубҳа намемонад. Тамоми поселка инро медонад, ғайр аз ин, подабонони дон Сильвио, ҳангоми ҷустуҷӯи чорвои раҳгумзада бо чашми худ савораи пурдаҳшатро дидаанд ва мисли ин ки ӯ иблис бошад, ҷустуҷӯро монда, роҳи гурезро пеш гирифтаанд.

Ҳар се подабон тайёранд ба ҷонашон қасам хӯранд, ки ҳақиқатро мегӯянд. Вале қиёфаи харосони онҳо аз ҳар қасам беҳтар мебошад. То бегоҳ тамоми асиенда аз овозаҳои ваҳшатнок пур мегардад.

Лекин ҳеҷ чиз ҷияни инҷиқи дон Сильвидоро, ки бо вуҷуди гапмаъқулкунониҳои амак ва аммааш қарор дода буд, ба Рио-

пешина
аз 509
навбатӣ