Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
мекунад ва Хосе аз тарси он, ки ба зери пои асп наафтад, меистад.
Фақат ҳамон вақте, ки дар пӯсти гандумгун доғҳои кабуд пайдо мешаванд, шиканҷа ба охир мерасад.
— Акнун дафъ шав! Дигар ба чашмам нанамо. Гум шав!
Хосе мисли гурбаи рамида тозон аз ялангӣ меравад; ӯ хурсанд аст, ки шармандагии худро дар миёни паттазори хордор руст карда метавонад.
Исидора ҳам дар ялангӣ бисёре намеистад — қаҳру ғазаби вай ба ғаму андӯҳи бепоён табдил меёбад. Ӯ на фақат қасду нияти худро амалӣ гардонида натавонист, балки сирру асрори қалбаш ба дасти хоппон афтид.
Ӯ аз нав роҳи хонаро пеш мегирад.
Дар атрофи асиенда ҳаяҷону изтироб ҳукмфармо мебошад.
Пеонҳо, вакеро ва хизматгорони асиенда аз майдон то корал ва аз корал то ҳавлӣ давутоз мекунанд ва аз даҳшат фарёд мезананд.
Мардон мусаллаҳ мешаванд. Занон ба зону истода, аз осмонҳо мададу ёрӣ металабанд.
— Чӣ гап шуд? — бо тааҷҷуб аз мудир мепурсад Исидора, ки аз рӯ ба рӯяш баромада мемонад.
— Дар ким-куҷон дашт одам куштаанд, — ҷавоб медиҳад вай. — Мақтул американӣ, писари плантатори нав ба асиендаи Каса-дель-Корво кӯчида омада мебошад. Мегӯянд, ки кори ҳиндуҳо.
Ҳиндуҳо!
Ин калима боиси ҳаяҷону изтироб гардида хизматгорони дон Сильвиоро ба ваҳшат андохтааст.
Ҳақиқате, ки ким-киро куштаанд — дар ин мамлакати эҳтиросоти бошиддат як воқеаи нокирое мебошад — хусусан агар бегона — «американо» кушта шуда бошад, чунин шӯру валваларо ба амал намеовард.
Вале овозаи пайдо шудани ҳиндуҳо, — ин аллакай тамоман гапи дигар мебошад. Ин — хавфу хатар аст.
Ин навигариҳо ба Исидора тамоман дигар хел таъсир мебахшанд. Ӯ аз ваҳшиҳо наметарсад. Вале номи мақтул доир ба гумону шубҳаҳои пуразният боиси ёддоштҳо мегарданд. Исидора медонад, ки писари плантатор хоҳаре дорад ва ҳама ӯро соҳибҷамоли соҳибҷамолон ҳисоб мекунанд. Ӯ худаш Луизаро дида буд ва бояд эътироф мекард, ки ин ҳақиқат мебошад.
Вале дигар чиз ӯро азоб медиҳад: мегӯянд, ки ин соҳибҷамоли беҳамторо ҳамроҳи Морис Чералд дидаанд. Ва Исидора марги

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор