Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Шикорчии пир суханонеро мешунид, ки тамоман ӯро дар тааҷҷуб мемомонданд ва номҳоеро мешунид, ки асло боиси ҳайраташ намегаштанд. Барои вай ногаҳонӣ набуд, ки мустангер дам ба дам номи Луизаро такрор карда, ба он қасамҳои ошиқона илова менамуд.

Вале аксар вақт аз забони бемор номи дигареро шунидан мумкин буд ва онгоҳ гапзании вай дигар хел мешуд.
Ин номи додари Луиза буд.
Ва суханоне, ки ба он илова карда мешуданд, ҳузновар, берабт ва қариб бемаънӣ буданд.

Зеб Стумп ҳама чизҳои шунидаашро бо далелҳои аллакай ба вай маълум муқоиса кард ва пеш аз он ки сапедаи рӯз ба ҳакале дарояд, ӯ акнун боварӣ ҳосил кард, ки Генри Пойдекстер дар қайди ҳаёт нест.

Боби LV
РӮЗИ АХБОР

Дон Сильвио Мартинес аз он қисми давлатмандони мексикой буд, ки пас аз мамлакатро фатҳ кардани американҳо Техасро тарк нанамуда буд.

Ӯ ба сиёсат кам рағбат дошт, одами сулҳҷӯ буд ва аллакай синну солаш ба як ҷо расида ба вазъияти нав басе бо осонӣ созиш мекард. Гузариш ба табааи нав, ба фикри вай, аз ҳамлаи команчиҳо, ки то омадани муҳоҷирони нав мамлакатро хароб карда буданд, аз будаш зиёдтар онро бехатар мегардонид.

Рости гап, ваҳшиён ҳанӯз тамоман саркӯб карда нашуда буданд, вале ҳамлаҳои онҳо торафт камтар мешуданд. Ин назар ба айёми пешин аллакай муваффақияти калоне буд.

Дон Сильвио «гападеро» — чорводори калон буд. Чарогоҳҳои вай ба дарозию ба паҳнӣ ба чандин даҳҳо миль доман паҳн карда буданд, гала ва подаҳои ӯ ҳазорҳо сар чорворо ташкил медоданд.

Ӯ дар хонаи дарози росткунҷаи якошёна зиндагӣ мекард,
ки аз бинои истиқоматӣ дида, бештар ба маҳбас монанд буд.
Асиенда аз ҳар тараф ба кӯраҳо-коралҳо иҳота карда шуда буд.

Молики асиенда муҷарради собитқадам буда, зиндагии осуда ва хилват ба сар мебурд. Хоҳари калонаш ҳамроҳи ӯ зиндагӣ мекард. Фақат ҳамон вақте, ки аз соҳилҳои Рио-Гранде чияни

пешина
аз 509
навбатӣ