Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
хушрӯякакаш меҳмон шуда ба назди онҳо меомад, асиендаи хилват обод мешуд.
Дар ин ҷо ҳамеша аз омадани Исидора шод мегардиданд; ӯ ҳар вақте ки дилаш мехост, меомад ва ҳар вақте ки мехост, баромада мерафт ва дар хонаи амакаш ҳар чӣ ки кардан мехост, ба ӯ иҷозат буд. Ҳандонрӯии Исидора ба пирамард маъқул буд, зеро худи вай ба ҳеҷ ваҷҳ одами афсурдадил набуд. Он хусусиятҳои хулқу атвораш, ки дар мамлакатҳои дигар, шояд, зарӣф менамуданд, дар мамлакате, ки ҳавлии чегараи шаҳр аксар вақт ба қалъаи мӯҳташам табдил меёфт ва онҳо бо хуни соҳибони он оғушта мегардид, табиӣ буданд.
Худи дон Сильвио Мартинес айёми пуршӯри ҷавониашро дар вазъияти пур аз хатару изтироб гузаронида буд ва далерии Исидора, ки гоҳо ба лоуболӣ наздик буд, на фақат норозигии ӯро ба амал намеоварданд, балки баръакс, ба вай маъқул буданд.
Пирамард ҷияни худро духтараш барин дӯст медошт, ҳеҷ кас шубҳа намекард, ки Исидора меросхӯри тамоми амлоки Ӯ мешавад. Ӯ ҷои тааҷҷуб набуд, ки тамоми хизматгорони асиенда ӯро, ҳамчун бопуи оянда, иззату эҳтиром мекарданд. Зимнан, ӯро на фақат барои ин эҳтиром мекарданд: ҷасурии форигболонаи вай боиси шавқу завқи умум мегардид ва дар мулки танҳохи чорводор ҷавононпе кам набуданд, ки агар Исидора ҳаминро мехост, аз кушокушӣ рӯ намегардониданд.
Вақте, ки Мигуэль Диас мегуфт, ки ӯро хатар таҳдид мекунад, гапаш дуруст буд. Ӯ барои ин ҳамаи асосҳоро дошт. Агар Исидора касд мекарду вакерони амаки худро мефиристод, ки Диасро дар аввали Дерехти рост омада овезанд, ин бетаъхир иҷро карда мешуд.
Ҷои тааҷҷуб набуд, ки ӯ шитоб мекард ҳар чӣ зудтар аз ялангӣ дур равад.
Чӣ тавре ки аллакай зикр карда шуд, Исидора дар он канори Рио-Гранде, тахмин шаст мил дур аз асиендаи Мартинес зиндагӣ мекард. Вале ин барои ба Леона тез-тез омада хабар гирифтани хешонаш ба ӯ халал намерасонд.
Исидора ба ин ҷо бо мақсади тамаъкорона намеомад. Ӯ аз ваҷҳи мерос фикр намекард — падари вай ҳам хеле давлатнод буд. Ӯ ҳамту амаку аммаашро дӯст медошт. Ғайр аз ин, аз канори як дарё ба канори дарёи дигар сафар кардан ба ӯ хеле маъқул буд; ӯ бисёр вақт ин масофаро дар зарфи як рӯз тай мекард ва аксаран бемушояткунанда.
Вақтҳои охир Исидора тез-тез меҳмон шуда ба Леона меомад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор