Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ин сарочаро, аз рӯи одат, ду кас не, балки одаму асп бардошта мебурд. Ду нӯги пеши ходаҳо ба модиёни Зеб баста шуда буданд ва ду нӯги қафоро Фелим бардошта мерафт, ва чӣ тавре, ки шикорчии пир қавл дода буд, «аракаш баромад».

Худи Зеб бошад роли басе сабук — роҳбаладиро интихоб карда пеш-пеш мерафт.

Чунин василаи нақлияро ихтирои нав номидан мумкин набуд. Зеб монанд ба тахти равони мексикой, ки зоҳиран, дар ҷануби Техас дида буд, дағал чизе сохт. Фарқ фақат дар ҳамин буд, ки дар ҳоли ҳозир он соябон надошт ва ба ҷои ду хачир одаму модиён кӯшиш карда шуда буд.

Дар ҳамин тахти равони фаврӣ Морис Чералд ба кулбааш расонда шуд.

Вақте, ки ин намоиши аҷиб ба ҳакалеи мустангер расид, шаб аллакай фаро расида буд.

Дастони пуркувват, вале навозишкори шикорчӣ эҳтиёткорона маҷрӯҳро бардошта ба бистари пӯсти аспнаш бурда хобонданд.

Мустангер дар куҷо буданашро намефаҳмид ва дӯстонашро, ки бар болои вай ҳам шуда буданд, намешинохт. Ӯ ҳамоно олой мегуфт, вале арбада намекард. Ҳарораташ каме фуромада буд.

Ӯ якзайл гап мезад, вале ба саволҳои навозишкоронаи ба ӯ дода мешудагӣ ҷавоб намедод; агар ҷавоб медод ҳам, ба дараҷаи хандаовар бемаънӣ буданд; аммо суханонаш ба андозае бадвоҳима буданд, ки на фақат боиси табассум мегаштанд, балки фикрҳои маҳзупро пеш меоварданд.

Дӯстони мустангер чӣ тавре ки метавонистанд, ҷароҳатҳои ӯро бастанд ва акнун фақат фаро расидани субҳро мунтазир шудан лозим буд.

Фелим ҷой андохта хобид, Зеб бошад дар назди бистари мустангер нишаст.

Фелимро ба худпарастӣ айбдор кардан лозим набуд; Зеб ба ӯ фармуд, ки рафта хоб кунад, зеро гуфт ки дар назди бемор нишастани ҳардуяшон фоида надорад.

Шикорчии пир барои ин фикру мулоҳизаи худро дошт. Ӯ намехост, ки олойгӯии беморро ба ғайр аз вай ягон каси дигар — ҳатто Фелим шунавад.

Ва ба ҷуз ӯ ҳеҷ каси дигар нашунид, ки тамоми шаб мустангер дар чӣ хусус олой гуфт.

пешина
аз 509
навбатӣ