Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

мустангер ва дарахте, ки паногоҳи ӯ буд, меистод, паногоҳи дигари мувофиқ дар он гирду пеш набуд.

Вале Морис дар ин бора фикр намекард; ӯ умуман қобилияти фикррониро қисман аз ҳайҷони фавқулодда, қисман барои он ки майнааш аз вараҷа гич гардида буд, гум карда буд.

Ӯ тамоман беихтиёр рост худро ба дарёча партофт ва фақат ҳамон вақт истод, ки об то миёнаш расид.

Агар Морис андеша карда метавонист, мефаҳмид, ки ин нафъ надорад, — охир паланг на фақат мисли гурба ба дарахт баромада, балки сагобӣ барин дар об шино карда метавонад. Ӯ чи тавре, ки дар хушкӣ хатарнок бошад, дар об низ ҳамон тавр хавфнок аст.

Морис дар ин бора фикр намекард. Ӯ фақат бешуурона ҳис менамуд, ки гумон аст дарёчаи камоб ӯро наҷот диҳад. Вақте ки паланг ба лаби дарёча расида, худро ғунча карда, ба ҷаҳиш тайёрӣ медид, гумону шубҳааш барҳам хӯрд.

Морис ноумедона интизорӣ мекашид.

Ӯ худро мудофиа карда наметавонист: ӯ на милтиқ дошт, на таппонча, на корд, ҳатто на асобагал. Дар задухӯрди тан ба тан бо дарранда марги ногузир ӯро дар пеш буд.

Вақте ӯ дид, ки даррандаи хол-хол ба ҳаво баланд шуд, бечора фарёди ҷонкохе кашид.

Дар айни замон ғирроси паланг баланд гардид ва дарранда ба ҳадаф нарасида, шалаппос зада ба об афтид.

Ба фарёди мустангер, ҳамчун акси садо фарёде аз миёни паттазор ҷавоб дод, вале пештар аз он садои тир баланд гардид.

Саги калоне тозон аз миёни буттаҳо баромад ва худро ба дарёча ба ҳамон ҷое партофт, ки паланг дар зери об ғоиб шуда буд. Одами қавиҳайкале тез-тез қадам партофта ба соҳил наздик мешуд.

Дигаре пасттар аз вай ба дунболаш меомад ва ҳаворо аз пидохон пуртантана пур мекард.

Ба назари маҷрӯҳ чунин намуд, ки ӯ олой мегӯяд, баъд шуури ӯ тамоман хира гашт. Ӯ мехост саги бовафои худро, ки эркагӣ мекард, буғӣ карда кушад ва дасту по зада худро аз оғӯши пурқуввати дӯсташ, ки ӯро бардошта, бо эҳтиёт ба соҳил баровард, раҳо карданӣ мешуд.

Ҳақиқати мудҳиш гузашту табларза ва сафсатагӯиҳои даҳшатнок сар шуд.

пешина
аз 509
навбатӣ