Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

БОБИ LIV

ТАХТИ РАВОН ДАР ДАШТ

Шахси мустангерро ба соҳил баровардагӣ Зеб Стумп буд. Шикорчии пир рукҳаро хонда, ба ҷое, ки дар он нишон дода шуда буд, шитофт.

Хушбахтона, ӯ ҳамон лаҳзае ба масофаи тиррас омада расид, ки паланг ба ҷажидан тайёрӣ медид.

Тир, агарчӣ адл ба дилаш расида бошад ҳам, ҷаҳиши даррандаи пурдаҳшатро, ки ин охирин ҷаҳиши ӯ буд, нигоҳ надошт.

Вале ин баъд маълум гардид, — ҳоло дар бораи дигар чиз фикр кардан лозим буд. Чунки шикорчии пир худро ба об андохт, ки ба ҳалокатовар будани тираш боварӣ ҳосил кунад, худаш дучори ҳамла шуд; вале ба бадани ӯ нохунҳои паланг не, балки дастони шахсе часпиданд, ки навакак ӯро наҷот дода буд.

Ростӣ гап, корди мустангер дар соҳил монда буд, вале аз бешуурии қариб Зебро буғӣ карда кушта буд. Шикорчӣ ноилоҷ милтикро партофта, тамоми қувваташро ҷамъ кард, ки ҳуҷуми ногаҳониро зада гардонад.

Задухӯрд басе дуру дароз давом кард. Оқибат ба Зеб муяссар гардид, ки ҷавонро ба оғӯши пуркувваташ гирад ва ба соҳил бароварад.

Вале кор бо ҳамин наанҷомид; ҳамин ки Морис худро озод ҳис кард, бо чунон суръат ба тарафи дарахти гикорӣ тохт, ки гӯё пои дардмандаш дигар ба ӯ ҳалал намерасонад.

Шикорчӣ нияти ӯро пай бурд. Ба туфайли қади баландаш дар рӯи боронӣ корди хунолудро дид. Мустангер барои гирифтани он метохт.

Зеб ба дунболи вай давид: ӯ боз як бори дигар ҷавонро ба оғӯши хирсмонадаш гирифт ва кашида аз дарахт дур бурд.

— Фелим, ба дарахт баро! — фарёд зад Зеб. — Ва тезтар кордро руст кун. Бача ақлашро гум кардааст. Дар оташ месӯзад. Ӯ вараҷа дорад...

Фелим дарҳол итоат кард ва ба дарахт баромада, кордро гирифт.

Вале задухӯрд бо ҳамин тамом нашуд. Бемор аз нав ҳамла намуда наҷотдиҳандаи худро буғӣ карданӣ шуд — ӯ бо овози баланд фарёд мезад, таҳдид менамуд ва бешуурона чашмонашро чарх мезанонд.

Ин кашмакаши бебокона тахминан даҳ дақиқа давом кард.

пешина
аз 509
навбатӣ