Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Морисро марги ногузир дар пеш буд.

кардани муаммое, ки онро фаромӯш карданӣ буд, ӯро маҷбур сохта натавонист. Ин тағйироти ногаҳониро чӣ тавр маънидод кардан мумкин?

Ӯ пештара барин умедвор буд, ки койотҳоро саг тарсонидааст, вале бо вуҷуди он изтироб ҳис мекард. Гувоҳии дилаш рост баромад. Дар байни баргони сабз пӯсти зарди хол-хол намудор шуд. Бадани дарози чандир мисли мор печутоб хӯрда аз байни буттаҳо мебаромад. Шубҳае намемонд — ин «бабр»-и Дунёи Нав буд, ки аз ҳамқавми шарқии худ — паланг камтар ба дил воҳима намеандохт.

Сабаби гурехтани койотҳо пайдошавии ӯ буд.

Қасди дарранда маълум буд: ӯ низ бӯи хунро ҳис карда, ба он ҷо расида омада буд.

Паланг аз одам чашм намеканд: ӯ аввал оҳиста-оҳиста, ба замин хестаю хоб карда, баъд ба ҷаҳиш тайёр шуда, торафт ҷакқонтар рост ба сӯи ӯ мерафт.

Ба дарахт баромадан нафъ надошт: паланг мисли гурба ба дарахт мебарояд. Мустангер инро медонист.

Бо вуҷуди он дер шуда буд. Дарранда аллакай дар байни

пешина
аз 509
навбатӣ