Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар задухӯрди тан ба тан бо дарранда

Чӣ онҳоро тарсонд?
Морис хурсандона фарёд зад. Эҳтимол Тара гашта омада бошад. Шояд ҳамроҳи ӯ Фелим ҳам омадааст. Охир ба қадри кифоя вақт гузашта буд, ки саг руқъаро бурда расонад. Койотҳо зиёда аз ду соат инҷониб ӯро посбонӣ мекарданд.
Морис нимхез шуд ва аз болои шох хам шуда, ялангиро аз назар гузаронид. На аз саг дарак буд, на аз хизматгор. Ба ҷуз шоха ва буттаҳо дигар чизе наменамуд.
Ӯ истода гӯш андохт. Ба ғайр аз уллоскашии койотҳо, ки зоҳиран якзайл ақибнишинӣ мекарданд, ягон садо шунида намешуд. Оё вай аз нав олой намегуфт? Чӣ онҳоро ба гурехтан маҷбур кард?
Вале аздусар роҳ кушода мебошад. Акнун ба лаби дарёча наздик рафтан мумкин буд. Об дар пеши назараш медурахшид. Шилдир-шилдири он ба гӯш форам мерасид.
Ӯ аз дарахт фуромада, калавида-калавида ба сӯи соҳил равон шуд.
Вале, пеш аз он ки ҳам шуда об нӯшад, Морис боз як бори дигар ба ақиб нигарист. Ҳатто ташнагии тоқатфарсо ба ҳол

пешина
аз 509
навбатӣ