Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
шуда ҳамла мекунанд, — тарсончакиаш чандон маълум нест. Гоҳҳо койот сахт гурусна монда, ваҳшигӣ зоҳир мекунад, ки онро ҳамчун диловарии қабул кардан мумкин аст.
Вале ҷиҳати аз ҳама хатарноки койот — маккории ӯст; мустангер инро ба хотир оварда ба изтироб афтод.
Вақте даррандагон фаҳмиданд, ки онҳо ба назди марди маҷрӯҳ баромада наметавонанд, — барои ин чандон вақти зиёд лозим набуд, — гала гурехта пароканда нашуд, балки дар рӯи алаф нишаст: аз байни буттазор якзайл нав ба нав койотҳо тохта мебаромаданд. Шубҳае набуд, ки онҳо қарор додаанд ӯро ташнаву гушна монда таслим кунонанд.
Ба назар чунин менамуд, ки ин набояд мустангерро ба изтироб андозад, зеро онҳо то алвонҷ баромада наметавонистанд.
Агар боз ташна намемонд, ӯ ба ташвиш намеафтид.
Ӯ барои беэҳтиётии худ аз худ хафа шуд: чаро вай то ба дарахт баромадан дар ин бора фикр накард! Бо худ захираи об гирифтан душвор набуд. Дарӯча наздик буд, баргҳои ба даруни ҳамидагин ағава хизмати зарфро меоварданд.
Вале акнун дер шуда буд. Об дар доманаи дарахт ӯро таҳрик мекард ва аз ин ташнагӣ боз ҳам тоқатфарсо мегардид. Ӯ фақат аз миёни ҳалқаи койотҳо гузашта ба лаби дарӯча расида метавонист, ин бошад яқин марг буд. Ӯ қариб умедашро канда буд, ки саг гашта меояд ва дубора ӯро наҷот медиҳад; ва асло умед надошт, ки мактуб ба дасти касе мерасад, ки ба вай таъин гардидааст.
Пас аз хуни бисёр рафтан кас хусусан сахт ташна мемонад. Азоби бечора торафт тоқатфарсо мегардид. То кай ин азоб давом мекарда бошад?
Ин дафъа мустангер аз ҳуш рафта ба алогӯй сар кард. Ба назараш чунин менамуд, ки акнун садто не, балки расо ҳазор койот дарахтро иҳота кардаанд. Онҳо торафт наздик меомаданд. Чашмони онҳо даҳшатангезона барқ мезаданд. Забонҳои сурх ба бороҳӣ мерасиданд, дандонҳои тез ба матоъ мехалиданд. Маҷрӯҳ акнун нафаскашии бадбӯи даррандагонро ҳис мекард...
Лаҳзаи ба худ омадан ӯ фаҳмид, ки ҳамаи ин хаёлот мебошад: койотҳо, ки пештара барин фақат садто буданд, ҳамоно дар рӯи алаф хобида, оқибати корро мунтазиранд. Ин анҷом пеш аз ба алогӯй сар кардани мустангер фаро расид. Ӯ дид, ки ҳамаи койотҳо нохост часта хестанд ва тозон ба гуллии паттазор даромаданд.
Ин оё хаёлот буд? Не, акнун вай алогӯй намегуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор