Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
муоина кунад, ки чӣ тавр онҳо зӯр зада ба назди вай баромаданӣ мешаванд.
Чун боварӣ дошт, ки койотҳо гашта меоянд, ӯ ин олотро сохт. Ва дар ҳақиқат, дере нагузашта онҳо боз аз гуллӣ баромаданд: онҳо бо тарсу ҳарос мебаромаданд ва як-ду қадам гузошта, меистоданд, то ки ба гирду атроф назар андозанд ва баъд понда-понда ба ҷои ҳарбу зарби нав рӯй додагӣ наздик мешуданд.
Ба набудани саг боварӣ ҳосил карда, ба зудӣ тамоми села ҷамъ шуд. Морис шоҳиди зоҳиршавии бераҳмии нафратангези ин ҳайвонҳои тарсончак гардид.
Аввало онҳо бо ҳарисии ғайритабии ҷасади шарикони ҳалокгардидаи худро хӯрданд: ин кор чунон бо чаққонӣ анҷом дода шуд, ки тамошобине, ки аз болои дарахт истода муоина мекард, гумон буд то бист шуморда метавонист.
Баъд одам диққати койотҳоро ба худ ҷалб намуд. Мустаигер алвонҷи худро овехта, онро аз назар пинҳон накард — ӯ онро алоқадри ҳол баланд овехта ва ба назараш чунин намуд, ки дигар чораҳои эҳтиётӣ лозим нестанд.
Борони сиёҳ бо шахси дар он хобида ба назар меафтид.
Зоҳиран, таъми хун дучанд даррандагонро ба иштиҳо оварда буд ва онҳо акнун дар зери дарахт истода, пас аз таоми даҳшатангез лабони худро мелеспиданд. Ин манзараи нафратангезе буд.
Ҳатто вақте, ки койотҳо хез зада ба ӯ часпиданӣ ё худ бо танаи дарахт боло баромаданӣ мешуданд, Морис қариб ба онҳо аҳамият намедод. Ӯ боварӣ дошт, ки ҳеҷ чиз ба ҷонаш таҳдид намекунад.
Аммо хатаре вуҷуд дошт, ки дар бораи он фаромӯш карда буд.
Фақат ҳамон вақте он ба хотираш омад, ки койотҳо аз саъю кӯшишҳои бесамарат даст кашида, чуқур-чуқур нафас гирифта, дар зери дарахт дароз кашиданд.
Аз ҳама даррандагоне, ки дар дашт ва гуллиҳои чапарал зиндагӣ мекунанд, койот — маккортар мебошад. Шикорчиён ба шумо хоҳанд гуфт, ки «аз ин махлуқ маккортар даррандае нест». Ӯ мисли рӯбоҳ маккор ва мисли гург бераҳм аст. Ӯро дастомӯз кардан мумкин, вале ҳар вақт ба газидани дасте, ки ӯро навозиш мекунад, тайёр аст. Кӯдак чӯб ба даст гирифта ӯро ронда метавонад, аммо койот дидила нашуда ба маҷрӯҳ ё мусофири аз по монда ҳамла меорад. Дар танҳоӣ мисли ҳар-тӯш тарсончак аст; вале дар гала,— онҳо бошанд ҳама вақт гала

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор