Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

У гаваккашон ба растанӣ наздик шуд, як хори онро, ки нӯги баргҳои дароз бо онҳо тамом мешуданд, шикаста гирифту онро ба хуни қойот тар кард ва карточкаашро бароварда ба навиштан шурӯъ намуд.

Маҷрӯҳ баробари навиштани мактуб бӯлаки тасмаро гирифт ва онро ба гардани саг баст; визиткарточкаро ба порчаи клеёнка, ки аз астари кулоҳи тобистониаш канда гирифта буд, бо диққат печонид ва пакетчаро ба зери гарданбанд тикқонд.

Акнун ҳамин мемонд, ки сагро ба бурдани ин нома маҷбур кунад.

Ин мушкил буд. Саги бовафо, сарфи назар аз ақли фавқулоддааш ҳеҷ фаҳмида наметавонист, ки чаро он касеро, ки ба ӯ фидокорона содиқ мебошад, ба ин ҳоли зор монда равад. На навозиш ёрдам кард, на галмаъкунӣ.

Ва фақат пас аз он, ки шахси ба наздикӣ аз тарафи ӯ наҷот дода шуда, бо қаҳру ғазаби сохта ба тарафи саг фарёд кашид ва ӯро бо асобағал зад, — фақат пас аз ҳамин саг итоат карда рафт.

Бо вуҷуди бовафонаш Тара ба чунин муомила тоб оварда натавонист. У ранҷур оҳиста-оҳиста қадам партофта, ба даруни буттазор даромад ва гоҳ-гоҳ баргашта, ба соҳибаш нигоҳи маломатомез меафканд.

— Бечора! — вақте, ки саг аз назар ғоиб гардид, бо таАССУФ гуфт Морис.— Ин ҳаминро мемонист, ки худ ё дӯсти наздиктарини худро бизанӣ. Агар насиб кунаду аз нав ӯро бубинам, инро аз дилаш мебарорам. Акнун фикри аз ҳуҷуми нави қойотҳо худро мудофиа карданиро дидан лозим. Бинанд, ки ман танҳо мондаам, яқин тохта меоянд.

У чӣ илоҷ карданашро медонист.

Дар он наздикӣ дарахти гикорӣ меистод, ки зикри он аллакай дар боло рафта буд. Дар баландии шаш-ҳафт фут танаи он дукӯша мешуд.

Мустангер борониашро аз тан кашида, дар рӯи алаф паҳн намуд ва бо корд атрофи онро якчанд сӯрох кард.

Баъд гарданбанди шоҳи худро кушод ва ба дарознаш онро ду бӯлак кард.

Пас аз ин борониюро ба шохаҳо кашида, бо бӯлакҳои гарданбанд баст. Мисли белинчак чизе ҳосил шуд, ки дар он одами калон ҷой гирифта метавонист.

Морис медонист, ки қойотҳо ба дарахт баромада наметавонанд ва дар ин бистари овезон ҷой гирифта метавонад осуда

пешина
аз 509
навбатӣ