Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Боби LIII

АПРАН ДАР ВАҚТАШ

— Агар ним соат дер кунем, онгоҳ фурсат аз даст меравад.
Шикорчии пир ин суханонро гуфта тозон аз кулба баромад.
Тамоман набошад ҳам гапаш дуруст буд: ним соат он тараф истад, ҳатто ним дақиқа таъхир кардан лозим набуд. Вақте ки шикорчӣ ин суханонро мегуфт, шахси бо хун рукҷанавиштагиро боз хатари марг таҳдид менамуд — койотҳо аз нав ба даври ӯ ҷамъ шуданд.
Вале ӯ набояд аз ин метарсид. Задухӯрди марговаре бо душмани боз ҳам даҳшатнок ӯро дар пеш буд.
Ба хонанда, шояд, аллакай маълум бошад, ки шахси маҷрӯҳи бар сар кулоҳи ҳасин ва бар тан бороний — Морис Чералд мебошад. Пас аз задухӯрди тасвиршуда бо койотҳо, ки ба туфайли даҳолати Тараи бовафо, он бомуваффақият анҷом ёфта буд, қарор дод, ки акнун дам гирифтан мумкин.
Ҷавони барно чун медонист, ки саги бовафо ӯро ҳам аз даррандагони болдор, ҳам аз даррандагони чорпо муҳофиза мекунад, ба хоби сахт рафт.
Вақте ки аз хоб бедор шуд, як қадар худро бардам ҳис кард ва вазъияти худро осуда фикр карда баромад.
Саг ӯро аз койотҳо наҷот дода буд; ҷои шубҳа набуд, ки дар сурати ҳамлаҳои нав ба ӯ умед баста метавонист. Вале баъд чӣ? Охир ӯ наметавонист, ки то кулбааш расидан ба Морис кӯмак расонад, агар дар ин ҷо меистод, ё аз гуруснагӣ мемурд ё аз ҷароҳат.
Маҷрӯҳ ба по хест, вале аз беқувватӣ калавид ва як-ду қадам гузошта, ноилоҷ аз нав дароз кашид.
Дар ҳамин лаҳзаи вазнин нохост фикри нағз ба хаёлаш омад: «Тара ба кулбаам нома бурда метавонад».
— Кош ман ӯро ба рафтан маҷбур карда метавонистам! — гуфт ӯ ва озмоишкорона ба саг назар андохт.— Наздик биё, саги нағзи ман, — ба дӯсти безабони худ рӯ оварда ба гап давом намуд вай.— Ман мехоҳам, ки ту хаткашони ман бошӣ ва мактуб бубарӣ. Мефаҳмӣ? То ман навиштан сабр кун, онгоҳ ба ту дурустакак мефаҳмонам... Нағз, ки визиткартаам бо худам,
— қапчукашро даст-даст карда гуфт ӯ.— Қалам нест. Вале ҳеҷ гап не. Чӣ қадар ранг ки гӯӣ, дар ин ҷо ҳаст. Хори ана ҳамин агава ба ҷои пар ба ман хизмат мекунад.

1 Агава — як намуд растанӣ.

пешина
аз 509
навбатӣ