Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

чун фикр мекард, ки Морис Чералд дар гулӯи беша хоинона кушта шудааст ва ҷасади ӯ тӯъмаи каргасон ва койотҳо гардидааст, дили пирамардӣ бечора реш мешуд.

Ӯ боз як бори дигар инро ҳартарафа фикр карда, аз нав оҳ кашид. Оқибат ҳаяҷони азиятдиҳанда ӯро маҷбур сохт, ки ҷаста аз ҷой хезад ва тез-тез пасу пеш қадам зада, зери лаб гургур карда, интиқомталабона савганд мехӯрд.

Ғаму андӯҳ ва қаҳру ғазаб шикорчии пирро чунон машғул медоштанд, ки аз наздаш тохта гузаштани саги мустангерро надида монд.

Вақте ки Фелим шодона номи ӯро гирифта чеғ зад, Зеб Стумп гашта нигоҳ кард, вале ба назар чунин менамуд, ки ба саг аҳамият надод. Ӯ аз қайди фикру хаёл фақат ҳамон вақт раҳо гардид, ки Фелим аз тааҷҷуб фарёд кашида, ӯро чеғ зад.
— Чӣ гап, Фелим? Чӣ шуд? Туро мор газид чӣ?
— Мистер Стумп, ба Тара нигоҳ кунед! Нигоҳ кунед, ба гарданаш ким-чӣ бастагӣ! Вақти рафтанаш он набуд. Ба фикри шумо он чист?

Дар ҳақиқат, ба гардани саг тасмачае аз пӯсти гавазн баста шуда, аз зери он боз ким-чӣ хел пакетчаи хурдакаке намоён буд.

Зеб кордро аз гилоф бароварда, ба тарафи саг ҳам шуд; саг аз тарс пуштинокӣ рафт, вале баъд фаҳмид, ки ӯро озор намедиҳанд, монд, ки наздикаш раванд.

Шикорчӣ тасмачаро бурид ва пакетчаро кушод — дар он визиткарта буд.
Дар карточка, гӯё бо ранги сурх, вале дар ҳақиқат бо хун ким-чӣ навишта шуда буд.

Ҳар як шикорчӣ, ҳатто онҳое ки дар маҳалҳои дурдасттарин зиндагӣ мекунанд, хондаю навишта метавонанд. Зеб аз онҳо мондагӣ надошт, ӯ басе зуд хати качу қилеби сурхро хонда баромад. Ӯ хурсандона фарёд зад.
— Фелим, ӯ зинда аст! Ба ин нигар... Э, охир ту савод надорӣ! Раҳмат ба муаллими пир, ки маро маҷбур карда, ҳама ҳарфҳои алифборо ба каллаам ҷо кунонда буд. Хайр, гап дар сари ин не. Ӯ зинда аст! Зинда!
— Кӣ? Мастер Морис? Худоро шукр...
— Сабр кун! Ҳозир вақти дуохонӣ не. Кампал ва тасма гир.
Ман рафта моднёнамро меорам. Зуд бош! Агар мо ним соат дер кунем, онгоҳ фурсат аз даст меравад.

пешина
аз 509
навбатӣ