Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
ба хона барнагашта буд, агарчи, аз рӯи суханони хизматгор, вай мебоист дирӯз пагоҳӣ меомад.
Ҳикояи тааҷҷубвар дар бораи он, ки мустангерро дар дашт аспсавор, вале бесар дидаанд, ё дурусттараш, бо сар дидаанд, ки онро дар даст нигоҳ медоштааст, тамоман асрорангез буд.
Вале барои шӯхӣ хуб вақт ёфтааст — охир навакак адам кушта шудааст ва нисфи аҳолии посёлка ҷинояткорро кофта гаштаанд. Хусусан, шубҳаовар аст, ки қотили гумонӣ ин гуна шӯхиро ба худ раво дида бошад.
Дар пеши назари Зеб Стумп манзараи аҷиби пурваслат ё, дурусттараш, тӯдаи ким-чӣ гуна воқеаҳо кушода шуданд. Воқеаҳо сабабашон номаълум, сабабҳошон натиҷаашон номаълум, ҷиноятҳое, ки аз рӯи қасду ниятҳои номаълум содир карда шудаанд. Ҳодисаҳои тавзеҳнопазир, хориқулодда.
Мулоқоти шабонаи Морис Чералд бо Луиза Пойндекстер, муноқиша бо додари ӯ, ки аз ин мулоқот бохабар гардида буд, азимати дашт кардани Морис, Генри, ки ба дунболи ӯ равон шуда аз Чералд узр пурсиданӣ буд, — ҳамаи инҳо комилан табиӣ ва мафҳум буданд.
Вале минбаъд сардаргумӣ ва мухолифот сар мешуданд.
Зеб Стумп ба Генри Пойндекстер тамоил доштани Морис Чералдро медонист, Морис чандин маротиба ба таърифи ҷавон забон кушода, ҳеҷ гоҳ дар ҳаққи вай сухани ғаразнок нагуфта буд; баръакс, ӯ ҳама вақт аз хулқу хӯи баландиҳимматонаи Генри завқ мебурд.
Тахмину гумоне, ки Морис нохост аз дӯсти ҷавон ба қотили ӯ табдил ёфтааст, ба назар хеле дур аз ҳақиқат менамуд. Зеб ба ин фақат дар сурате бовар мекард, ки агар ҳамаашро бо чашми худ медид.
Зеб, сарфи назар аз ақли расо ва солимаш, ним соати тамом фикр карда бошад ҳам, ба ҳар ҳол ба ин вазъияти печ дар печ сарфаҳм рафта натавонист.
Ӯ фақат ба як чиз шубҳа намекард: чор саворе, ки ба фикри вай, ҳинду буда наметавонистанд, ба кулбаи мустангер тохт оварданд ва, шояд, дар адамкушӣ шарик буданд. Вале ба ҳакале омадани ин одамон ва набудани соҳиби хона Стумпоро ба гумону тахмини боз ҳам ғамангезтар андохт: акнун ба назараш чунин менамуд, ки як кас кушта нашудааст, балки дар гулиҳои беша бояд ҷасади ду касро ҷустуҷӯ кард.
Баробари ин фикр оҳи пурсӯз аз ҷигари шикорчии пир баромад. Ӯ ҷавони ирландиро қариб падарона дӯст медошт ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор