Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Агарчӣ дар ноҳияҳои Қалъаи Инч ва дар сартосари Леона аллакай овозаи пайдошавии ин андоми аҷиб паҳн гардида бошад, Зеб ҳанӯз касеро дучор наомада буд, ки ин навигарии касмадидро ба ӯ хабар дода бошад; шикорчии пир саҳари барвақт аз поселка гузашта, ба ғайр аз Каса-дель-Корво ба ҳеҷ куҷо надаромада буд. Ӯ фақат бо Плутон ва Лунза Пойндекстер гап зада буд; вале на хизматгорон, бонуи ҷавони асиенда ҳанӯз дар бораи савораи аҷиб, ки дирӯз бегоҳӣ отряди майор вохӯрда буд, чизе нашунида буд. Плантатор бо сабабҳои гуногун дар бораи ӯ лаб накушод, духтараш бошад дигар бо ҳеҷ кас гап назада буд.

Аввал Зеб «одами бесар»-ро масхара кард ва инро «ҳарзаҳои мастонаи Фелим» номид.

Вале, вақте ки Фелим исрор кардан гирифт, ки ин ҳақиқат мебошад, шикорчӣ ба фикр фурӯ рафта, хусусан инро ба дигар воқеаҳо ба ӯ маълум, муқоиса намуд.

— Ҳеҷ саҳв карданам мумкин набуд! — исбот мекард марди ирландӣ.— Ҳабёл мекунед, ки ман ҳозир шуморо дидагӣ барин мастер Морисро бараъло надидам! Ба ғайр аз сар дигар ҳамаашро дидам. Вале баъд, вақте ки сари аспашро гардонида, ӯро юзонданӣ шуд, каллаашро дидам. Ӯ бар китф серапси мексикой ва аз пӯсти хол-хол соқпӯш дошт. Ва оҳ, ман аспи зебои ӯро нашинохта метавонистам! Охир ман ба шумо гуфта истодаам, ки Тара аз паси ӯ тохта рафт. Баъд ба тарафи ҳиндуҳо аккос задани ӯро шунидам.

— Ҳиндуҳо! — хитоб намуд шикорчӣ, шубҳаомез сар ҷунбонида.— Ҳиндуҳое, ки қартаи испонӣ бозӣ мекунанд? Эҳтимол, ҳиндуҳои сафедпӯст.

— Ба фикри шумо, онҳо ҳинду набуданд?

— Аҳамият надорад, ки ман чӣ фикр мекунам. Ҳозир вақти дар ин бораи муҳокима рондан нест. Гап зан, чӣ дидӣ, чӣ шунидӣ?

Вақте ки Фелим нақли худро ба охир расонид, Зеб Стумп дигар савол надод. Ӯ аз кулба баромада ба рӯи алаф нишаст.

Ӯ мехост ба фикри худ сарфаҳм равад, вай бошад, мувофиқи тасдиқи худ, ин корро дар хонаи дарбаста карда наметавонист.

Гумон аст ба гуфтан сазад, ки нақли Фелим боз бештар ҳамаро чигил кард.

То ин вақт ғоибшавии Генри Пойндекстерро маълум кардан лозим буд; акнун кор боз бо он душвор мешуд, ки мустангер

пешина
аз 509
навбатӣ