Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

гумон... Ана даҳони сурохӣ кушодагӣ гелида хобидааст, обдон ҳам дар паҳлӯяш тамоман холӣ мебошад. Чин занад ин бадмастро, дашти лабташнаро аз об сер кардан мумкину ин бадмастро аз май не!.. Картаи испани! Як дастааш дар рӯи хона паҳну парешон хобидааст. Ӯ бо ин картаҳо чӣ кор карда бошад? Шояд, нӯшида истода, ба мақсади фолбинӣ онҳоро тӯб-тӯб чида бошад? Вале дари кулбаро кӣ сурох карда бошад ва й таркиши девор кори кист? Шояд, ӯ фаҳмонда диҳад. Бедор карда мепурсам... Фелим! Фелим!

Марди ирландӣ намечунбид.
— Ӯй, Фелим! Фелим!
Боз ҷавобе шунида нашуд. Шикорчӣ чунон бо овози баланд фарьёд зад, ки аз масофан ним миль онҳо шунидан мумкин буд, вале Фелим ҳамоно осуда мехобид.

Зеб бо тамоми қувва ӯро ҷунбонидан гирифт; дар ҷавоб фақат ким-чӣ гуна гур-гур шунида шуд, вале ҳамон дам мисли пештара ба хурроккашии гулгуладор табдил ёфт.
— Агар ҳамин хурроккашиаш намебурд, ман гумон мекардам, ки мурдааст. Вале ӯ мурданивор маст аст, ба ин шубҳа нест. Уро чӣ тавр ба ҳуш биёрам? Тела диҳам — бедор нашавад. Арвоҳ занад, ҳозир ана ин тавр мекунам...

Чашми шикорчӣ пир ба сатилӣ дар кунҷак истода афтид. Он лаб-лаб пури об буд, ки Фелим аз ҷӯйча оварда, ба бахти бадаш ҳанӯз сарф накарда буд.
Зеб лабҳандкунон сатилро бардошт ва будагӣ обашро ба башараи Фелим пошид.

Ин ба натиҷаи дилхоҳ овард: оби хунук Фелимро хушҳёр накарда бошад ҳам, ба ҳар ҳол, ӯро бедор кард. Гирьяву зорӣи пурҳароси Фелим бо хандаи хушҳолонаи шикорчии пир омехта шуд.
Ниҳоят ҳардуяшон ҳам ором шуданд ва метавонистанд ба гуфтугӯи ҷиддӣ шурӯъ намоянд.

  • Ҳамоно таъсири даҳшатҳои аз сар гузаронида аз дили Фелим нарафта буд ва бо вуҷуди шӯхию мулоимҳунуконаи Зеб Стумп, ки дар ҳаққи вай раво дида буд, аз омаданаш хеле шод буд.
    Ӯ маътали савол нашуда, ба андозае, ки забони гирифта истодааш ва майпаи гиҷаш имконият медод, дар бораи рӯъёҳои аҷиб ва воқеаҳое, ки қариб ӯро аз ақл бегона карда буданд, ба таври муфассал ҳикоят кардан гирифт.
    Стумп бори аввал аз забони ӯ дар бораи савораи бесар шунид.
пешина
аз 509
навбатӣ