Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Фақат ҳамин як чиз тасаллии дили шикорчии пир гардид, ки касе ӯро надид.

— Арвоҳ занад онҳоро! — бо андӯҳ ғур-ғур кард ӯ. — Чӣ тавр ақлам нагирифт, ки мумкин аст онҳоро дар ҳамин ҷо вохӯрам! Акнун баргашта бо роҳи дигар рафтан лозим. Як соат дер мемонам. Баргард, кампир! Ману ту толеъ накардем. Боз шаш мили дигар тай карданат дуруст меояд. Зудтар бош, модиёни ман! Баргард! Чу-у!

Зеб якбора лаҷоми аспро кашида, модиёнро маҷбур сохт, ки баргардад ва ба қафо асп монд.

Ӯ аз пайраҳа баромада, аввал ба канори беша равон шуд, баъд аз нав бо ҳамон пайраҳае, ки дишаб Диас ва ҳар се ҳамроҳаш рафта буданд, ба беша даромад. Ӯ беист асп тозонда, бе ягон моҷаро рафта ба водии Аламо фуромад.

Дуртар аз кулбаи мустангер аз асп фуромад ва бо эҳтиёткории мукаррари худ боқии роҳ пиёда рафт.

Дари кулба маҳкам буд, вале сӯрохие дар он даҳан кушода менистод. Чӣ гап шуда бошад?

Зеб на фақат ба ин савол ҷавоб надода натавонист, балки ҳатто чӣ тахмин карданашро намедонист.

Бо эҳтиёти боз ҳам тамомтар ӯ поида-поида ба кулба наздик шуд, — гумон кардан мумкин буд, ки вай бузи ваҳширо мепояд.

Шикорчӣ пас-паси дарахтон кулбаро давр зада, аз қафо ба шипанг наздик шуд; ӯ ба зону истода гӯш андохт.

Дар пеши чашмаш — дар ҳамон ҷое, ки як ходаи девори кулба аз ҷояш ҷунбонда, пӯсти асп канда шуда буд, тарқише буд. Зеб бо тааҷҷуб ба он нигарист, вале пеш аз он ки ба воқеаи рӯйдода сарфаҳм равад, аз дарун садои баланди хурраккашӣ шунида шуд — ин тавр фақат Фелим хуррак мекашид.

Зеб Стумп аз тарқиш нигоҳ кард ва ҳақиқатан Фелимро дар рӯи хона хобида дид.

Акнун эҳтиёткории зиёдатӣ буд. Шикорчӣ сари по хест, аз нав кулбаро давр зада, аз дар ки маҳкам набуд, ба дарун даромад.

Пеш аз он ки Фелимро бедор кунад, ҳама он чиро, ки дар рӯи хона мехобид, бодиққат аз назар гузаронид.

— Чизу чораашро баста мондааст! — дар тааҷҷуб монд вай. — Ҳа! Ба хотирам омад: ҷавон гуфта буд, ки дар рӯзҳои наздик аз ин ҷо рафтани аст. Ин йигит на фақат хобидааст, балки мурданивор маст мебошад. Аз даҳонаш фаҳҳос зада бӯйи виский меояд! Аҷиб, ақаллан як чакра монда бошад ё не? Дар

пешина
аз 509
навбатӣ