Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Баъд хомӯшӣ ба миён омад, сонияи пӯкаи даҳони обдон аз тоб додан гичиррос зад ва садои баланди кул-кул аз он башорат дод, ки моеъ аз гардани танги обдон ба гулӯи марди ирландӣ мерезад.
Андак пас ин садо ба чалп-чалп ва нидоҳои хушнудона табдил ёфт.
Садои кул-кул ба чалп-чалп ва садои чалп-чалп ба кул-кул то он даме бо ҳам иваз шудан гирифт, ки дар анҷом обдони холӣ ба замин афтода такаррос зад.
Пас аз ин чанд гоҳе нидоҳои мастона ба сурудхонӣ, қоҳ-қоҳи баланди ханда ва баҳсу ҷавоби берабт дар бораи сурхпӯстон ва саворагони бесар бадал шуда, торафт пасттар такрор ёфта, оқибат, ғур-ғури мастона ба хурраккашии баланд иваз гардид.
Боби LII
БЕДОРШАВӢ
Хоби дуюми Фелим аз якумаш дарозтар тӯл кашид. Оқибат вақте ки ӯ аз хоб бедор гардид, рӯз қариб нисф мешуд ва он ҳам аз сатили оби хунуки ба сараш рехташуда. Ин аз қиёфаи ваҳшиёни сурхпӯст дида зиёдтар ӯро ҳушёр кард.
Обро ба сараш Зеб Стумп рехта буд.
Шикорчии пир аз дарвозаи Каса-дель-Корво баромада бо роҳи аз ҳама наздиктарин, ё худ дурусттараш, бо пайраҳа ба сӯи дарёи Нуэсес равон шуд.
Ӯ вақташро ба пайомӯзӣ сарф накарда, даштро миёнбур кард ва ба пайраҳаи ҷангалии ба хонанда шинос наздик шуд.
Шикорчии пир суханони Луиза Пойндекстерро бо он чӣ ки худаш доир ба одамони ба ҷустуҷӯ баромада медонист, муқоиса карда фаҳмид, ки Морисро хатар таҳдид мекунад.
Ана барои чӣ ӯ шитоб мекард, ки пештар аз онҳо ба Аламо биёяд; ана барои ҳамин кӯшиш мекард, ки дар роҳ бо онҳо дучор наояд.
Ӯ медонист, ки агар бо отряд вохӯрад, ҳеҷ гуна ҳила кор намедиҳад ва хоҳу нохоҳ лозим меояд, ки роҳи хонаи қотили эҳтимодиро нишон диҳад.
Зеб ба толеи бадаш, дар ҳамгашти борикраҳаи ҷангалӣ «мунтазамиёни» дар як ҷо тӯб шударо дид — зоҳиран, онҳо пай меомӯхтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор