Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
лозим. Акнун аз онҳо ҳоҷати тарсидан нест. Онҳо бод барин гурехта рафтанд ва акнун на пай ҳасту на ҳайдар.
Фелим аз нав аз паногоҳ баромада ба сӯи ҳакале равон шуд.
Ӯ буттаҳоро аз ҳам ҷудо карда рамида-рамида пеш мерафт ва якчанд маротиба истода санҷиданӣ шуд, ки дар он наздикӣ ягон кас ҳаст ё не.
Фелим худро ба ҳақиқат будани воқеаи рӯйдода тасаллӣ доданӣ шуда ба ҳар ҳол мисли пештара аз вохӯрӣ бо савораи бесар метарсид, зеро ӯ ду маротиба дар назди кулба пайдо шуда, акнун шояд, ба кулба даромада нишаста бошад.
Агар умед намедошт, ки «чакрае» дар таги суроҳӣ меёбад, ӯ, шояд, ҷуръати то пагоҳ ба хона баргаштан намекард. Вале нафс бар тарсу ҳарос ғолиб омад ва, Фелим, агарчи дидила бошад ҳам, ба кулбаи торик даромад.
Ӯ чирогро нагиронд, зеро ба ин эҳтиёҷ набуд: ӯ кулба, хусусан ҷоеро, ки одатан суроҳӣ меистод, қадри кофӣ нағз медонист.
Вале суроҳӣ дар кунҷи махфӣ набуд.
— Бало занад онҳоро! — бо ҳасрат хитоб намуд вай.— Аз афташ онро кофта ёфтаанд! Набошад чаро он дар ҷояш нест?
Ман онро дар ҳамин кунчак монда будам... Нағз дар хотир дорам, ки онро дар ҳамин кунчак монда будам... Эҳ, ана ту дар куҷой, ганҷи бебаҳои ман! — оқибат дасташ ба сабадчаи химчагӣ расида ба гапаш давом намуд ӯ.— Охир онҳо, онро хушк карда рафтаанд, ҳайвонҳои муқдор! Илоҳи дар қиёмат ин дуздони сурхпӯст алави дӯзах шаванд! Ман одами хобидаро дуздидан! Худоё худованд! Акнун чӣ кор кунам? Боз хоб кунам?
Дар бораи онҳо ва он дигараш фикр карда магар хоби кас мебарад? Як чакра ҳам намондааст... Ист! Модархудои қуддуси!
Патрики валӣ ва ҳама авлиё ва анбиёҳои дигар! Ман чӣ гуфта истодаам? Обдони пури май чӣ! Ман охир онро ба ҷомадон андохта будам. Вақте, ки мастер Морис маротибаи охир тараддуди поселка рафтан карда буд, онро то гулӯяш пур карда будам, ки ба ӯ диҳам. Ӯ фаромӯш карда онро монда рафта буд.
Худоё, мададгор бош, агар ҳиндуҳо бо дастони ҳаромашон онро кашида бароварда бошанд, ман девона мешавам!.. Ура! — пас аз каме ҷомадонро тагурӯ кардан фарёд зад Фелим.— Ура! Толеъ кардам! Сурхпӯстон ақл накардаанд, ки инҷоро кобанд. Обдон пур — ягон кас ба он даст нарасондааст! Ура!
Фелим пас аз ин кашфиёти хурсандибахш дар кулбаи торик ба рақс даромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор