Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Сарв бо буттаҳои навруста иҳота карда шуда буд ва Фелим дар сояи сӯҳои онҳо пинҳон шуд.

Хизматгор акнун паноҳ шуда буд, ки чор марди ношинос намоён шуданд ва наистода, ба сӯи аспон тохтанд.

Онҳо тозон аз наздик гузашта, байни худ якчанд сухан радду бадал карданд, ки Фелим маънии онҳоро нафаҳмид. Вале дар оҳанги гапзаниашон даҳшат ҳис карда мешуд. Саросемагии ботабутоби ин одамон тахмини ӯро тасдиқ карданд. Аз афташ, аз кадом як душман, ки мурданивор онҳоро тарсонида буд, мегурехтанд.

Дар шафати дарахти сарв ялангие воқеъ гардида буд, ки моҳ онро равшан мекард. Он чор гуреза мебоист аз ин ялангӣ мегузаштанд, то ки ба назди аспони худ расанд. Ва ҳангоме, ки онҳо ба хати равшании моҳ расиданд, Фелим тахтапушти барахнаи сурхи онҳоро дид.

Ӯ он чор ҳиндуеро, ки бетакаллуфона дар кулбаи мустангер таваккуф карда буданд, шинохт.

Фелим то аз рӯи гумбур-гумбури сум муайян накард, ки саворон аз кӯтал ба ҳамворӣ баромаданду чорнаъл асп тозонда дур шуданд ва таъқиби дигар гашта намеоянд, аз паногоҳи худ набаромад.

Онгоҳ Ӯ аз паногоҳи худ баромад ва дастонашро ба ду тараф партофта хитоб намуд:

— Патрики валӣ! Ин худаш чӣ гап? Ба ин худозадагиҳо дар ин ҷо чӣ лозим буд? Ва кӣ онҳоро дунболгирӣ мекунад? Маълум ки ким-кӣ онҳоро мурданивор тарсонид. Ҳамон худаш набошад? Ба ҷонам қасам ки худи худаш! Ман аккоси сагро шунидам, охир саг аз қафои вай тохта рафта буд. Худоё, ин чӣ бошад? Нохост ӯ ваҳшиҳоро дунболгирӣ карда, ба ин ҷо биёяд?

Фелим аз тарси он ки бо савораи пурасрор вонахӯрад, аз нав дар зери дарахт руст шуд. Ӯ дар интизории пурҳаяҷон боз чанд гоҳ истод.

— Охир, эҳтимол, мастер Морис шӯхӣ карда бошад. Ӯ ба хона бармегашт ва хостааст, ки маро тарсонад. Нағз ки ӯ сари вақт расида омад ва сурхпӯстонро тарсонид — охир онҳо моро ғорат карда куштанӣ буданд. Илоҳи вай худаш бошад! Лекин охир ман ӯро кайҳо дида будам... Чӣ қадар вақт гузашт? Дар хотир дорам, ки аз ҳад зиёд нӯшидам ва акнун ақаллан дар як чашмам... Гуфтагӣ барин боз ҳиндуҳо суроҳии маро наёфта бошанд? Ба шунидам онҳо ин заҳрро аз мо сафедпӯстҳо камтар дӯст намедоранд. Агар онҳо суроҳиро ёфта бошанд, онгоҳ, эҳтимол, дар он як чакра ҳам намонда бошад! Гашта рафта дидан

пешина
аз 509
навбатӣ