Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Ақаллан ба ҳақиқӣ будани онҳо боварӣ ҳосил кунад. Ӯ барои ин кор ба қадри кофӣ хушёр буд, вале ҷасораташ намерасид. Магар ӯ дилпур шуда метавонист, ки ин картаҳои панҷаҳояшро намесӯзонанд? Кӣ медонад — охир онҳо азони худи иблис буда метавонистанд.
Бо вуҷуди оралаш будани фикраш, Фелим ба ҳар ҳол сарфаҳм рафт, ки дар кулба истодан хавфнок аст. Картабозони рангу равған молида барои давом додани бозӣ баргашта омаданашон мумкин. Онҳо дар ин ҷо на фақат картаҳои худ, балки тамоми чизу чораи мустангерро ҳам партофта рафта буданд. Дуруст аст, ки онҳоро ким-чӣ маҷбур сохта буд, ки ногаҳон баромада раванд, вале ҳамчунон ногаҳон гашта омада метавонанд.
Баробари ин фикр Фелим қарор дод, ки амал кунад. Барои он ки ягон кас ӯро дида намонад, Ӯ шамъро хомӯш кард ва нӯғ-нӯғи по аз кулба баромад.
Ӯ ҷуръат накард, ки аз дар барояд. Моҳ маргзори назди хонаро равшан мекард. Мумкин ваҳшиён дар ҳамин наздикиҳо бошанд...
Вай яке пӯстони девори паси кулбаро канд ва аз байни ходаҳо базӯр гузашт.
Фелим ба берун баромада, ноаён худро ба сояи дарахтон гирифт.
Ӯ ҳанӯз аз кулба дур нарафта, дар пеш сиёҳиеро дид. Шунид, ки чӣ тавр якчанд асп сулук мехоянд ва пой мекубанд. Фелим дар ҷой истода, дар паси танаи дарахти сарв паноҳ шуд.
Ба он зудӣ марди ирландӣ боварӣ ҳосил намуд, ки дар ҳақиқат онҳо асп мебошанд. Ба назараш онҳо чорто буданд. Бешубҳа, онҳо азони ҳамон чор ҷанговаре буданд, ки кулбаи мустангерро ба қиморхона табдил дода буданд. Зоҳиран, аспҳо ба дарахт баста шуда буданд, вале мумкин соҳибонашон дар он наздикӣ бошанд...
Баробари ин фикр Фелим қафо гаштанӣ шуд. Вале нохост ӯ овози гапзании якчанд касро шунид, ки аз рӯ ба рӯ ба гӯш мерасид ва оҳанги гуфторашон омирона ва таҳдидомез буд.
Баъд фарёди ваҳшатангез ва аккоси саг шунида шуд. Баъд хомӯшӣ ба миён омад, ки онро фақат садои чарс-чарс шикастани шоҳчаҳо халалдор мекард ва мисли ин ки якчанд кас аз тарси хавфангез аз байни буттаҳо метохтанд.
Фелим якзайл истода гӯш меандохт; садо торафт баландтар мешуд, — гурезаҳо ба дарахти сарв наздик меомаданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор