Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Боби LI

ДУБОРА МАСТ

Аз нав ба кулбаи хилвати Аламо бармегардем, ки дар ғайби соҳибаш як гурӯҳ картабозон дар он маъво гирифта буданд ва нохост онро партофта рафтанд.

Рӯзи оянда нисф мешуд, аммо аз соҳибхона ҳамоно дарак набуд. Собиқ саиси Баллибаллох пештара барин ягона бошандаи кулба буд. Пештара барин дар рӯи замин маст мехобид. Рости гап, аз он вақте ки мо бори охир ӯро дида будем, гашта хушҳӯр шуда буд, вале аз нав ба худои май рӯй оварда, боз маст шуд.

Барои аз як сар фаҳмонида додан нақл кардан лозим, ки ҳамон шаб, вақте ки бозингарони монте нохост аз кулба гурехта рафтанд, баъд чӣ воқеа рӯй дод.

Шамоили ҳар се ваҳшии сурхпӯст, ки дар паси стол нишаста, саргарми бозӣ буданд, назар ба хоб Фелимро бештар хушҳӯр кард.

Бо вуҷуди мазҳакаомез будани ин саҳна, Фелим дар он хандаовар чизеро намедид ва бо оҳу афғони ниҳоят сахт меҳмони нохондаро пазироӣ кард.

Вале ҳодисае, ки баъд аз ин рӯй дод, ягон қадар хандаовар набуд. Лекин, маҳз чӣ воқеъ рӯй дод, — ӯ ба худ равшан тасаввур намекард. Ӯ фақат дар хотир дошт, ки он се ҷанговари худро нақшу нигор карда нохост бозиро қатъ намуда, картаҳоро ба замин партофтанд ва бар болои ӯ ҳам шуда, корд афшонидан гирифтанд. Баъд нохост ҷорумаш пайдо шуд ва ҳамдигарро тела дода ҳамаашон тозон аз кулба баромаданд.

Ҳамаи ин дар давоми понздаҳ-бист сония рӯй дод. Вақте, ки Фелим ба худ омад, аллакай дар ҳакале ҳеҷ кас набуд.

Ӯ хоб буд ё бедор? Ин ҳамаро вай дар мастинаш дида буд, ё дар хоб. Ин дар ҳақиқат рӯй дода буд ё мисли ҳамоне, ки то ҳол дар пеши назараш меистод, воқеаи тамоман аз ақл берун буд?

Не, ин ба назараш намуда наметавонист. Ӯ ваҳшиёнро аз наздик дида буд, ки ба ҳақиқат будани онҳо шубҳа кунад. Ӯ бо гӯши худ шунид, ки чӣ тавр онҳо бо забони ношинос гуфтугӯ мекарданд. Яқин ин забони ҳиндуӣ буд! Ғайр аз ин дар рӯи замин харита хобида буд.

Фелим ҳатто ягон либоси онҳоро бардошта дидан нахост, ки

пешина
аз 509
навбатӣ