Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

аз ҳуш беҳуш намешуд, шоҳиди манзараи боз ҳам даҳшатноктар мегардид.

Дар вақти беҳушии вай саворае ялангиро миёнбур карда гузашт. Аспи вай буд ки бо садои сумҳои худ қойотҳоро харосонид, ӯ буд ки зорию илтиҷои ёриро шунида худро ба каррю гунгӣ зад. Савора хеле дер карда омад ва омаданаш ҳам на бо мақсади ёрӣ буд. Зоҳиран, вай фақат аспашро об додани буд.

Асп ба дарёча даромад, об нӯшид ва ба соҳили муқобил баромада, тозон ялангиро гузашт ва дар паттазор ғоиб гардид.

Савора бо ҷасади замингир шуда хобида аҳамият надод, фақат асп ӯро дида фириккос зад ва ҳаросон бо кираи чашм ба ҷасади қойотҳо назар андохт.

Асп чандон калон набусад ҳам, андоми зебо дошт. Дар ҳаққи савора инро гуфтан мумкин набуд, зеро савора бесар буд.

Зимнан сар дошт, вале дар ҷояш набуд. Он дар рӯи қоши зин буд ва ба назар чунин менамуд, ки савора онро дар даст нигоҳ доштааст.

Чӣ манзараи даҳшатноке!

Вақте ки савораи бесар аз ялангӣ мегузашт, саг аккосзанон ӯро то канори паттазор гусел намуд — ӯ кайҳо боз қадам ба қадами савора тохта мегашт, ба ҳар куҷое, ки савора мерафт, ӯ низ ба ҳамон ҷо мерафт.

Вале акнун ӯ аз ин дӯстин бефоида даст кашид; ӯ гашта ба назди маҷрӯҳ омад ва дар паҳлуи вай хобид.

Айнан дар ҳамин лаҳза ӯ ба ҳуш омад ва ҳар чӣ пеш рӯй дода буд, ба хотир овард.

Ҷавон сагро навозиш кард ва худро аз офтоби сӯзон паноҳ кардани шуда, борониро ба сар кашиду хобаш бурд.

Саг дар поёни пои маҷрӯҳ дароз кашида, низ ғанаб мекард; вале ҳангоме, ки каргасон бисёр паст фуромада дар болои сари ӯ бо болҳои худ хишир-хишир мекарданд, ӯ тез-тез бедор шуда, сар мебардошт ва бадхашмона ба онҳо аккос мезад.

Ҷавон олой мегуфт. Аз даҳонаш ким-чӣ хел суханони аҷиб мебаромаданд: онҳо гоҳ қасаму савганди ошиқона буданд, гоҳ суханони берабт дар бораи кадом-як одамкушӣ.

пешина
аз 509
навбатӣ