Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳамин ки ин фарёд аз ноумедии не, балки аз хурсандии буд. Ва боз ҳамин ки койотҳо онро шунида, қафо нишастанд.

Задухӯрд қатъ гардид. Муддате хомӯшӣ ба миён омад. Сабаби ин тағйирот нидои одам не, балки ҳамон чизе буд, ки сабаби ин пайдо гардида буд.

Садои суми асп ба гӯш расид, ки аз паси он аккосзании саг шунида шуд.

Маҷрӯҳ якзайл фарёд зада, ба ёрӣ даъват мекард. Асп, гӯё, тамоман наздик буд. Наход савора фарёди ӯро нашунавад.

Вале касе ҷавоб надод. Савора аз наздик гузашта рафт.

Садои суми асп торафт паст мешуд... Ҷавон аз нав ноумед гардид.

Даррандагон далер шуда, боз як бори дигар ба ҳуҷум гузаштанд.

Аз нав задухӯрди бераҳмона авҷ гирифт. Бечора маҷрӯҳ охирин умедашро канда, фақат ғайрату бебокӣ ба ӯ қувват бахшида, худро мудофиа менамуд.

Ва нохост койотҳо қурбонии худро сар доданд: дар саҳна иштироккунандаи нав пайдо шуд ва маҷрӯҳ рӯҳ гирифт.

Савора ба чегу фарёди вай ҷавоб надода бошад, вале саг ба ёрӣ расид. Саги калоне бо овози баланд аккосзанон ба шаст аз миёни буттаҳо баромад.

— Дӯсти вафодор! Чӣ хушбахтие! Дӯсти вафодор!

Саг аз гулӯ баромада, аккосзаниро бас кард ва бо даҳони кушода ба койотҳо, ки аз ҳарос худро ақиб кашиданд, ҳамла намуд.

Якашро ба дандон мегазад. Ӯро мисли калламуш меафшонад ва сонияе нагузашта, койот бо миёни шикаста дар рӯи замин печутоб мехӯрад.

Ба дигараш низ ҳамин аҳвол рӯй медиҳад. Сеюм қурбонӣ набуд: койотҳои харосида, думҳоро ҳамонда вик-виккунон гурехтанд. Ҳамаи онҳо дар байни буттаҳои анбӯҳ ғоиб шуданд.

Ҷавон дигар чизеро надод — дигар ҳолаташ намонд. Ӯ фақат дасташро дароз карда, табассумкунон наҷотдиҳандаи худро оғӯш намуд ва меҳрубонона ким-чӣ гуфта гур-гур карду аз ҳуш рафт.

Аммо ба зудӣ ба ҳуш омад.

Ҷавон ба оринҷ нимхез шуда, ба гирду атроф назар андохт. Ӯ манзараи даҳшатангези хуниниро дид. Вале агар вай

пешина
аз 509
навбатӣ