Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Маҷрӯҳ баргашта нигоҳ кард ки чӣ будани воқеаро фаҳмад. «Ҳа, ин койотҳо»,— тахмин понздаҳ-бист ҳайвони дар соҳил токопӯ кардаистодаро дида аз фикр гузаронид вай.

Ҷавон то ҳол дар назди ин ҳайвонҳои тарсончак тарсу ҳарос ҳис накарда буд — ӯ ба онҳо нафрат дошт. Вале ӯ нигоҳҳои пур-хашм ва рафтори таҳдидомези онҳоро дида, ба изтироб афтид. Чои шубҳа набуд — онҳо ба ҳуҷум тайёрӣ медиданд. Ӯ нақли мардумро ба хотир овард, ки ин ҳайвонҳо, одатан тарсончак ва безараранд, ба одам фақат дар сурати ҳамла меоранд, ки ӯ дар-мон надошта бошад ва худро муҳофиза карда натавонад, ху-сусан вақте ки онҳоро бӯи хун бармеангезад.

Аъзои бадани ӯ аз хори кактусҳо захмдор буд. Сарулибо-саш оғуштаи хун буд. Дар ҳавои дим бӯи тааффун паҳн мешуд ва койотҳо инро ҳис накарда наметавонистанд. Зоҳиран, ин бӯи даррандагонро барангехта, ба ваҳшоният меовард.

Ҳар хеле, ки набошад ҷавон шубҳа надошт, ки онҳо ба вай ҳамла карданданд.

Ӯ ба ғайр аз корди шикорчӣ, ки хушбахтона, онро наафто-нида буд, дигар аслиҳа надошт. Милтиқ ва таппончаашро ба ко-ши зин баста буд ва асп онҳоро гирифта гурехта рафта буд.

Маҷрӯҳ кордро аз ғилоф баровард ва ба зонуи рост такя на-муда ба мудофиа тайёр шуд.

Агар боз як дақиқа таъхир мекард, кор аз кор мегузашт. Койотҳо аз надидани ҷазо шердил шуда, аз бӯи хун, ки ба қад-ри наздик омадан зиёдтар мегардиду ба онҳо ҷасорат мебахшид ва хунхори ирсии онҳоро ҳадаха мекуноид, оқибат ба маҷрӯҳ ҳамлавар шуданд:

Шаш койот баробар ба дасту по ва бадани ӯ дандон халон-данд.

Ҷавон якбора ҳаракат карда, онҳоро аз худ афшонд ва бо корд якчанд зарба зад. Як ё дутои онҳо маҷрӯҳ гардида, чир-росзанон ақиб ҷастанд. Вале ҳамоно дигарони онҳо ба ӯ дар-афтиданд.

Мубориза пурхатар ва мӯҳлик гардид. Якчанд дарранда кушта шуд, вале боқимондаи онҳо, гӯё боз ҳам бераҳмонатар ҳуҷумро давом медоданд.

Афту дарафт сар шуд. Койотҳо ба болои ҳамдигар мебаромаданд, ки ба қурбонӣ чангол зананд. Маҷрӯҳ дам ба дам корд мезад, вале дастони одам беқувват мегардиданд ва корд якзайл камтар ба ҳадаф мерасид.

Ӯ тамоман аз мадор рафт. Марг домангираш шуда буд...

Ва дар ҳамин дақиқаи фалокатбор ҷавон фарёд зад. Ачӣбаш

пешина
аз 509
навбатӣ