Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
— Шумо шӯхӣ мекунед, дон Мигуэл!
— Не, ман комилан ҷиддӣ мегӯям, донья Исидора.
Ба самими будани ин суханон ҳеҷ ҷои шубҳа набуд. Сарфи назар аз тарсончакӣ мексикӣ, дар нигоҳаш қатъияти беилтифотона ва бераҳмона хонда мешуд, ӯ дасташро аллакай ба қабзаи мачете бурда буд.
Ҳатто дили Исидораи далерро воҳима зер кард. Медид, ки ӯро хатар таҳдид мекунад ва аз он наҷот ёфтан осон нест. Аз худи аввал ин вохӯрӣ ӯро ба изтироб андохт, вале ӯ умед дошт, ки омада мондани Морис гуфтугӯи ногуворро қатъ намуда, онро ба дигар тараф мегардонад.
Духтар бо диққати тамоми гӯш меандохт, ки садои суми асп шунида мешавад ё не ва ҳар замон ба паттазор ба ҳамон тарафе, ки ин садоро шунидаӣ буд, назар меандохт.
Акнун умедаш барбод рафт. Модоме ки мактуб ба дасти Эл-Койот афтодааст, пас мустангер онро нагирифтааст.
• Умеди ёрӣ набуд ва ӯ роҳи гурезро пеш гирифтанӣ шуд.
Вале ин бо мушкилӣ ва хавфу хатари калон вобаста буд. Исидора метавонист сари аспро гардонида гурезад, аммо дар айни замон хатари аз тахтапушт тир хӯрданаш буд, чунки дастаи таппонча назар ба қабзаи мачете ба дасти Эл-Койот наздиктар буд.
Исидора ба тамоми хавфу хатари вазъият комилан баҳо дод. Ба ҷои ӯ ҳар як зани дигар мебуд, саросема мешуд, вале Исидора Коварубио ҳатто вонамуд накард, ки хатар ақаллан ягон қадар ба ӯ таъсурот бахшидааст.
— Гапи беҳуда! — хитоб намуд ӯ ва хеле устокорона вонамуд кард, ки шубҳа менамояд. — Шумо шӯхӣ мекунед, сеньор. Шумо маро тарсонданӣ ҳастед. Ха-ха-ха! Вале чаро ман аз шумо тарсам? Ман дар ҷовандозӣ аз шумо камтарӣ надорам. Лассоро низ шумо барин сабук ва ҳамчунон дур мепартоям. Бубинед, чӣ тавр ман онро моҳирона кор фармуда метавонам!
Духтар табассумкунон ин суханонро гуфт ва лассоро аз коши зин баровард, гӯё санъати худро нишон медода буд, онро дар болои сар чарх занондан гирифт.
Диас пай намебурд, ки қасди духтар тамоман дигар аст. Ӯ аз рафтори Исидора ҳайрон буд ва хомӯшона ба ӯ менигарист.
Эл-Койот фақат ҳамон вақте, ки дар атрофи оринчҳояш таранг кашида шудани гиреҳро ҳис кард, ба ҳамааш сарфаҳм рафт, вале акнун фурсати худро муҳофиза кардан набуд. Пас аз як сонияи дигар дастони ӯ ба ҳар ду паҳлуяш сахт фишурда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор