Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
мебошед. Ман як ба як ҳамаи инро фикр карда баромадам. Инчунин ба хотир овардам, ки як вақтҳо ман соҳиби асиенда будам ва ҳозир ҳамааш шуда шикорчии аспони ваҳшӣ мебошам. Карамба! Ҳеҷ гап не! Шумо аз он заноне нестед, ки одамро фақат барои давлату дорои надоштанаш ҳақир мешуморанд. Мустангери бечора зоҳиран, ҳамчун соҳиби садҳо гала ба меҳру муҳаббати шумо умед баста метавонад. Ва ман аз баландҳиматии шумо исбот дорам.
— Чӣ хел исбот? — бори аввал ба ташвиш афтода, зуд пурсид духтар.— Куҷост он исботи баландҳиматӣ, ки шумо бо ин меҳрубонӣ ба ман нисбат медиҳед?
— Дар ин мактуби дилписанд. Ана он дар дасти ман, ки доня Исидора Коварубио де Лос-Льянос имзо гузоштааст. Мактуб ба ман барин мустангери камбағал ирсол карда шудааст. Гумон аст, ки хоҷати ба дасти шумо додани он дошта бошад. Охир шумо онро аз дур ҳам шинохта метавонед?
Исидора мактубро шинохт. Нигоҳи пургазабе, ки ӯ ба Диас партофт, аз ин шаҳодат дод.
— Он чӣ тавр ба дасти шумо афтид? — қаҳру ғазаби худро пинҳон надошта пурсид Исидора.
— Ин фарқ надорад. Он дар дасти ман аст, ман бошам кайҳо дар панҷ ба даст афтонидани он будам. На барои он ки аз ман дил кандани шуморо фаҳмам — бе мактуб ҳам ин ба ман маълум буд,— балки исбот дошта бошам, ки шумо ба каси дигар дилбастагӣ доред. Мактуб аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шумо ӯро дӯст медоред, аз ин равшантар гуфтан мумкин не. Шумо орзу мекунед, ки ба чашмони зебои вай назар андозед. Пас дониста монед, ки ҳеҷ гоҳ онҳоро нахоҳед дид!
— Ин чӣ гуфтанӣ гап, дон Мигуэль Диас?
Мисли ин ки Исидора аз шунидани ҷавоб метарсида бошад, овози ӯ саҳл ларзид. Ва ин ҳеҷ ҳайратовар набуд; ифодаи чеҳраи Эль-Койот ба дил воҳима меандохт.
Эль-Койот тарсу ҳароси ӯро дида, гуфт:
— Тарсу бими шумо комилан дуруст мебошад. Донья Исидора, агар ман шуморо аз даст дода бошам, он гоҳ азоичи дигар ҳеҷ кас нахоҳед шуд — ман ҳамин тавр қарор додам.
— Намефаҳмам...
— Ман аллакай гуфтам; дигар ҳеҷ кас ва, будагӣ гап, на Морис-мустангер, шуморо аз они худ меномад.
— Ҳамту!
— Ҳа! Айнан ҳамин тавр. Ваъда диҳед, ки дигар ҳеҷ гоҳ бо ӯ вонамехӯред, ё аз ин ҷо соку саломат намеравед!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор