Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
— Шумо саҳв мекунед, сеньор. Ман ҳеҷ гоҳ нагуфтаам, ки шуморо дӯст медорам. Агар ман гуфта бошам, ки аз санъати ҷовандозии шумо завқ мебарам, шумо ҳуқуқ надоштед, ки суханони маро ба таври дигар маънидод кунед. Ман на ин ки мафтуни шумо, балки мафтуни санъати шумо будам. Ва ғайр аз ин; ин се сол пеш буд. Ман он вақт ҳанӯз духтарча ва дар ҳамон синну соле будам, ки ин гуна чизҳо таассуроти калон мебахшанд ва мо ба андозае беаклем, ки ба қадри сифатҳои ботинӣ не, балки бештар ба қадри шукӯҳу дабдабаи зоҳирӣ мерасем. Вале акнун ман калонтар шудаам ва комилан табиист, ки доир ба бисёр масъалаҳо дигар хел рафтор мекунам.
— Бало занад, вале чаро шумо умеду орзуҳои хомро ба ман талқин мекардед? Рӯзи тамғагузории чорпоро дар хотир доред, ман ҳамон рӯз букқаи аз ҳама девонахӯ ва аспи аз ҳама ваҳшии падари шуморо ром карда будам? Охир ягон вакеро ҷуръат накард, ки ба онҳо наздик шавад. Ҳамон рӯз шумо ба ман табассум кардед ва ба ман нигоҳи ошиқона партофтед. Донья Исидора, инро инкор накунед! Ман одамҳоро ба дараҷаи кофӣ нағз медонам ва фикру эҳсоси шуморо аз чеҳраатон бо осонӣ пай бурдам. Вале ҳозир шумо тағйир ёфтаед. Барои чӣ? Барои он ки ман мафтуни фатонати шумо гардидам, ё худ, дурусттараш, барои он ки беаклӣ кардаму ба ин иқрор шудам. Ва шумо, чи тавре ки дар байни занон расм аст, аз мағлубшуда дилатон монд. Охир ин ҳамин тавр, сеньорҷон, инкор накунед.
— Не, ин тавр не, дон Мигуэль Диас. Ман на бо сухан, на бо нигоҳ, ба шумо изҳори муҳаббат накардаам. Шумо барои ман ҷовандозии моҳир ва кабалерои асил будед. Ва ҳар ҳол ҳамон вақт ба назарам ҳамин тавр намуда буд. Вале ҳоло шумо чӣ касбу пеша ихтиёр кардаед? Шумо медонед, ки дар ин ҷо ва дар Рио-Гранде дар ҳаққи шумо чиҳо мегӯянд?
— Ман зарур намешуморам, ки ба тӯҳмат — он аз дӯстони хоинам сар мезанад ё душманони фитнақорам, ҷавоб диҳам. Ман барои он ба ин ҷо омадаам, ки баёнот гирам, на ин ки баёнот диҳам.
— Аз кӣ?
— Аз шумо, дония Исидораҷ дилрабо.
— Шумо аз ҳад ба худ мағрур ҳастед, дон Мигуэль Диас. Сеньор, бо кӣ гап заданатонро фаромӯш накунед! Ба хотир биёред, ки ман духтари...
— ...яке аз асиендадорони пуртакаббури Тамаулипас ва додарзодаи плантатори дар такаббур аз ӯ камтар набудагни Техас

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор