Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

нам... Ҳа! Ман гумбур-гумбури суми аспро мешунавам! Аспе дар роҳ чорхез меояд. Вай худаш? Ман аз байни дарахтон рангҳои баланди сару либоси миллии мардуми моро мебинам. Ба Морис Чералд ин сару либос маъқул. Ҷои тааҷҷуб нест — он ба вай хеле мезебад. Модархудои куддуса! Ман ба серапе печидаам, дар сарам сомбреро. Ӯ маро мард мепиндорад! Ин никоби зиштро дафъ кардан лозим! Ман зан ҳастам ва ӯ бояд дар назди худ занро бубинад!

Исидора дар як миҷҷа задан аз китф серапе ва аз сар кулоҳро бармеканад — ҳатто гумон буд, ки дар саҳна табдилдиҳии чобуқтар аз ин рӯй диҳад. Ва инак дар фони буттаҳои анбӯҳи хордор тарҳи мавзуни запона ва сари хушсурате, ки ба қалами ҳаккоқии Канова 1 муносиб аст, намудор мегардад.

Савораи соҳибҷамол саҳл сари ӯзангу хеста, ба пеш ҳам шуд, ва ҳеҷ бист мунтазири пешомад гардид.

Бархилофи ин ҳама, ӯ аз худ заррае тарсу ҳарос зоҳир намесозад. Лабон намеларзанд, дар чеҳра паридарангӣ дида намешавад.

Баръакс, дар нигоҳи вай, ки ба пеш нигаронида шудааст,— даъвати муҳаббати пурифтихор, даъвати укоби мода, ки мунтазири омадани укоби нар мебошад, дида мешавад.

Вале нохост дар тамоми қиёфаи вай тағйироти ногаҳонӣ рӯй медиҳад. Ӯ савораи наздик омада истодаро мешиносад. Либоси зардӯзи ӯро ба ҷиштибоҳ андохта буд. Саворае, ки дар бар сару либоси мексикой дошт, Морис Чералд не, балки Мигуэль Диас буд.

Дар чеҳраи вай шодию хурсандӣ ба маъюсӣ табдил меёбад. Духтар ба зин менишинад ва оҳе, ки аз синаи ӯ мебарояд,— қариб фарёди яъсу ноумедӣ мебошад. Дар чеҳраи ӯ тарсу ҳарос не, фақат ноумедӣ ва озурдагӣ дида мешавад.

Эль-Койот аввалин шуда гап сар кард:

— Оҳ, ин шумоед, сеньорита! Кӣ чашмдор шуда метавонист, ки шуморо дар чунин ҷои хилват — гулро дар миёни буттаҳои хор мебинад!

— Ростӣ гап, ба ин кори шумо чӣ, дон Мигуэль Диас?

— Саволи аҷиб, сеньорита. Албатта, ин кори ман ва шумо пиро медонед. Шумо нағз медонед, ки ман шуморо ба ҷонам баробар дӯст медорам. Ҳамон вақте, ки инро ба шумо изҳор намуда, худро гуломатон эълон кардам, аблаҳ будаам. Ана ҳамин ҳам ин қадар ауд дили шуморо мопонд.

1 Канова Антонио (1757-1822) — ҳайкалтароши номии итолиёӣ.

пешина
аз 509
навбатӣ