Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Дар наздики роҳ ялангиИ мудавваре воқеъ гардидааст, кӣ ду ё се акр колони дорад; онро алаф пӯшидааст. Ин мисли он ки дашт дар шакли худ тасвир ёфта буд. Буттаҳои хордор ба бешае, ки навакак Исидора аз он баромада буд, ҳаргиз монанд набуда, ялангиро аз чор тараф иҳота кардаанд. Се пайраҳои базӯр намоён аз он ба ҳар тараф рафта, гулчи буттазорро бурида мегузаранд.
Исидора дар миёнҷои ялангии лаҷомро мекашад ва аспро ором кардани шуда, ба гардани ӯ тап-тап мезанад. Агарчи ба ин зарурат набудаш ҳам, кӯтали рост ба андозае аспро хаста кардааст, ки ӯ акнун пеш зӯр намезанад ва бетоқатӣ намекунад.
— Ман аз вақти таъиншуда пеш омадам! — аз зери серапе соати тиллоро бароварда хитоб намуд духтар. — Шояд, ӯ тамоман наояд? Оҳ, кошкӣ ба қадри кофӣ қувват гирифта бошад, ки омада тавонад!.. Аъзои баданам меларзад. Ё ин нафаскашии аспам бошад? Не, маро вараҷа гирифтааст. Ман то ҳол ҳеҷ гоҳ ин гуна ҳаяҷону изтироб ҳис накарда будам. Ин аз тарс бошад? Ҳа, шояд. Аҷиб, ки ман аз одами дӯстдоштаам, ягона одами, ки дар умрам дӯсташ доштаам, метарсам. Охир он чӣ ки ман нисбат ба дон Мигуэл ҳис мекардам, онро муҳаббат номидан мумкин нест. Ин худфиребӣ буд. Чи хел нағз, ки ман аз ин варта халос шудам! Ба толеам дидам, ки ӯ тарсончак будааст. Ин кашфиёт қаҳрамонии орзую хаёлҳои ошиқонам маро аз пояш сарнагун кард. Чи тавр ман аз ин шодам! Акнун ман дон Мигуэлро чашми дидан надорам, зеро зоҳиран, ӯ... Модархудои қуддуса, наҳод ин рост бошад, ки ӯ роҳзан шудааст! Вале ман ҳатто дар ин ҷои хилват наметарсидам, ки бо вай вохӯрам. Худоё, аз касе ки ӯро дӯст медорӣ, касеро ки асилу ҷавонмард ва нексиришт мешуморӣ, тарсию дар айни замон аз касе, ки аз мағзи ҷон ба ӯ нафрат мекунӣ, медонӣ ки вай бераҳм ва маккор аст, натарсӣ! Номафҳум! Ақлнорас! Ва ба ҳар ҳол ин ҳеҷ ҷои номафҳумӣ надорад. Ман на аз он метарсам, ки аз хатар меҳаросам, балки аз он метарсам, ки номатлуб монам. Ана барои чӣ ман ҳозир меларзам. Ана барои чӣ аз ҳамон рӯзе, ки Морис Чералд маро аз чанголи ваҳшиёни маст халос кард, шабопаҳо ором хобида наметавонам. Ман ягон бор эҳсоси диламро ба ӯ нагуфтам. Ва намедонам, ки ӯ изҳори ишқу муҳаббати маро чӣ тавр мепазирад.
Ва ба ҳар ҳол донистанаш лозим. Ман дигар ба ин номуайянии азиятовар токат карда наметавонам. Агар орзую хаёлотам фиребандаи ман шаванд, яъсу ноумедӣ, ҳатто маргро авзал медо-
1 Акр - ченаки майдони замин, ки ба 4047 метри квадратӣ баробар аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор