Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
шуда ва ниҳоят ба мӯи пурҳашамати ялаққосӣ, ки аз зери лапари сомбреро баромада меистад, нигаред.
Акнун шубҳа нахоҳад монд, ки дар назди шумо зан истодааст, агарчи баъзе рафторҳои вай барои зан ғайримуқаррарӣ мебошанд. Ин доня Исидора Коварубио де Лос-Лянос мебошад.
Синни вай аллакай аз бист гузашта буд — аз рӯи ақидаи мексикоиҳо ӯро ҷавон номидан мумкин нест. Ӯ духтари чашму абрусиёҳи хушрӯ мебошад. Вале зебоии вай — ин зебонии палангона мебошад, ки аз меҳру муҳаббати боназокатона дида, бештар ба дил воҳима меандозад.
Ба чашмонаш назар андозед ва дарҳол шумо хулқу атвори барои зан ғайриоддиро ҳис хоҳед кард: дар чеҳраи зебояш матонат, қатъият, ҷасорати беҳадду ҳудуд акс ёфтаанд. Дар тарҳи чеҳраи нозуки сурат барин хушрӯяш шумо ҳеҷ гуна аломати занӣ, заррае тарсончакӣ намебинед. Сурхиҳо лаълфом, ки дар чеҳраи гандумгунаш паҳн гардидааст, ҳатто дар лаҳзаи хатари марговар барҳам намехӯрад.
Духтар дар водии сербешаи Леона танҳо асп меронад. Дар наздикӣ хонае намудор аст, вале ӯ аз он дур мешавад. Ин аспендаи амаки вай, дон Сильвено Мартинес мебошад, ки навакак аз дарвозаи он баромада буд.
Ҷавондухтари мексикой дар хонаи зин бетакаллуфона ва дилпурона нишастааст. Дар зери вай аспи ҷавмасте мебошад, асп кӯшиш мекунад, ки ба ду пои ақиб рост хезад; вале шумо аз ваҷҳи саворадухтари ҷавон ташвиш накашед, ӯ аспро нағз идора мекунад.
Лассои сабуки айнан мувофиқи қуввати духтар ба қоши зин овезон мебошад; он ба тартиб печонда шудааст: дида мешавад, ки Исидора барои ин вақтро дарег намедорад ва бояд онро нағз истифода карда тавонад. Ва дар ҳақиқат ин ҳамин тавр аст — ӯ онро мустанггири ҳақиқӣ барин чолокона мепартояд.
Исидора бо ин санъати худ мефаҳрад — ин яке аз машғулиятҳои хурсандновари ӯ мебошад.
Ӯ аз роҳи калони қад-кади дарёе не, балки пайраҳаи шафат меравад, ки аз асфендан амаки вай сар шуда, фақат дар назди қуллаи тали ҳамсоя — дурусттараш соҳили ҷаридори водии дарё бо роҳи калон як мешавад.
Пайраҳа рост ба боло мебарояд — чунон рост, ки асп чуқур-чуқур нафас кашидан меҷӯрад. Ниҳоят духтар ба қуллаи ҷарӣ мерасад, ки роҳи саворагард аз он ҷо мегузарад.
Исидора лаҷомро мекашад, вале на барои он ки аспро дам диҳад, балки барои он ки ӯ ба манзили мақсуд расида буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор