Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Вай ҳанӯз аз назар ғоиб нагардида, Диас ҳам тарки бошишгоҳи худ кард. Ӯ саросемавор аспро зин зад ва ҷаста ба вай савор шуда ба самти муқобил ронд.

Боби XLVIII

ИСИДОРА

Офтоб навакак дар уфук сар бардошта буд; курси гирди вай ҳамчун сипари тиллои холис бар болои алафҳои дашт шаъ-шаа пошид. Нурҳои тиллоранг аз миёни анбӯҳи ҷангалзорон, ки дар саванна ҳар ҷо-ҳар ҷо пароканда воқеъ гардида буданд, мегузаштанд. Қатраҳои шабнам ҳамоно дар рӯи дарахтони акоқие овезон буда, баргҳои пармонанди онҳоро вазнин карда, шохаҳоро маҷбур менамуданд, ки сар ба замин ҳам кунанд — дарахтон мисли ин ки фироки шаб, шаббодан рутубатноки онро азодорӣ мекарданд ва метарсиданд, ки бо гармои сӯзони рӯз вохӯранд. Паррандагон аллакай дар шоҳи дарахтон нағмасарой мекарданд — магар онҳо дар партави чунин субҳ хобида метавонистанд! Вале гумон аст, ки ба ғайр аз дашти Техас дар ин саҳари барвақт одами бедорро вохӯрдан мумкин бошад. Дар ин кишварҳо вақти тулӯи офтоб — вақти аз ҳама форами рӯз мебошад ва кам касон онро дар бистар ё дар хонаҳои хилват мегузаронанд.

Дар соҳили Леона, тахмин се миль поёнтар аз қалъаи Ипч шахсе намоён шуд, ки барои дар паттазорон сайру гашт кардан аз баҳри хоб гузашта буд. Ӯ пиёда роҳ намепаймояд, Ӯ савори аспи чавмасте мебошад, ки ҳар гоҳ лаҷомашро кашиданӣ шаванд, ин ба вай маъқул намебошад. Аз рӯи ин тасвир, шояд, шумо гумон кунед, ки савора мард мебошад: вале охир воқеа дар Техаси ҷанубӣ рӯй дода истодааст, ки дар он ҷо ҳанӯз испану мексикоиҳо зиндагӣ мекунанд ва комилан мумкин ки савора зан бошад. Ба ин тахмин на кулоҳи гирди сари савора, на серапе, ки барои серун будани ҳаво ба китф партофта шудааст, на ба сурати мардон ба зин нишастанаш, ки онро дар Европа барои занон аз одоб берун ҳисоб мекунанд, мухолифат наме-моянд.

Дар сурати бодиққаттар назар андохтан шумо боварӣ ҳосил мекунед, ки ӯ дар ҳақиқат зан мебошад. Ба дасти хурдакак, ки лаҷомро доштааст, ба пои хурдакаки ба ӯзангу гузаронида, ба андоми зебои занона, ки ҳатто дар зери серапеи вазнин намудор

пешина
аз 509
навбатӣ