Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
— Карамба! — мактубро қат карда бепарвоёна гуфт ӯ. — Дӯстам Хосе, ин ҳеҷ боиси хавотирӣ надорад. Исидора барои мадад кардагиаш фақат ба вай миннатдорӣ изҳор мекунад. Агар ҳамааш ҳамин бошад...
— Не, ҳанӯз ин ҳамааш не, сеньор дон Мигуэль. Барои ҳамин ҳам ман ба назди шумо омадам! Ман бо супорише ба посёлка меравам. Хонед.
— Ҳа! Мактуби дигар?
— Ҳа, сеньор. Ин дафъа хати қачуқӣ не, балки мактуби ҳақиқӣ.
Диас бо дасти ларзон варақи ба сӯяш дарозкардаро гирифт ва кушода ба хондан шурӯъ намуд:
«Ба сеньор дон Морисио Чералд.
Дӯсти азиз, ман боз дар ҳамин ҷо, меҳмони амакам Сильвино мебошам. Бехабарии хабари шумо зиндагӣ ба ман ҳаром. Бехабарӣ маро дилхун мекунад. Нависед, ки пас аз беморӣ сиҳат ёфтед? Оҳ, кошкӣ ин ҳамин тавр бошад! Чӣ тавр мехоҳам, ки ба чашмони шумо — ба чашмони зебо, фаттони шумо нигарам, то боварӣ ҳосил кунам, ки шумо соку бардам ҳастед! Ба шумо тавалло мекунам, ки шодкомиро аз ман дареғ надоред. Пас аз ним соат ман ба қуллаи тали пушти ҳавлии амакам мебароям. Биёед, ман мунтазири шумо!
Исидора Коварубчо де Лос-Льянос».
— Чин занад! Мулоқоти ошиқона! — бо қаҳру ғазаб хитоб намуд Диас.
— Инро дигар хел номидан мумкин нест. Ва онро — Исидора таъин мекунад! Корро бинед! Таклифи ӯ қабул карда мешавад; лекин на аз тарафи касе, ки боилтифотона ба вай таъин карда шудааст. Як дақиқа ҳам таъхир карда намешавад ва ба худои интиқом қасам... Гӯш кун, Хосе! Ин нома ҳеҷ лозим не. Ба касе ки он таъин гардидааст, аллакай на дар поселка ҳаст, на дар ин наздикиҳо. Худо медонад, ки ҳозир дар куҷост. Дар ин ким-чӣ гуна асрор ҳаст. Вале ҳеҷ гап не. Ба меҳмонхона рав ва ҳар чӣ набушад будану набуданашро пурс. Ту бояд супоришро иҷро кунӣ. Мактубро набар — ба ман дода рав. Вақти гашта омаданат онро ба ту медҳам ва бурда ба бонуят медиҳӣ. Ана ин як долларро гиру дар бар май харида нӯш. Сеньор Доффер ман агвардменти нағз дорад. Хайр!
Хосе сабабашро напурсида, долларро гирифт ва хомӯшона аз ҳакале баромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор