Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ин таҳдид, инчунин шарҳу баёни ҳодисаи пурасрор то як андоза ӯро ором кард ва ба зудӣ хобаш бурда монд.
Ӯ ҳамон вақте бедор шуд, ки равшании субҳ ва ҳамроҳи вай меҳмоне аз дар сар халонданд.
— Ҳосе! — бо тааҷҷуб фарёд зад Эль-Койот, ки дар овозаш саҳл хурсанҳӣ ҳис карда мешуд. — Ин туӣ?
— Ҳа, сеньор, ин ман.
— Аз дидорат шодам, дӯстам Ҳосе. Донья Исидора ҳам дар ҳамин ҷост? Ман гуфтанӣ будам — дар Леона?
— Ҳа, сеньор.
— Ин қадар зуд гашта омад? Охир аз рафтани ӯ ҳанӯз ду ҳафта нагузаштааст, ҳамту не? Ман дар поселка набудам, вале шунидам. Мунтазир будам, ки хатчае менависӣ. Чаро нанавиштӣ?
— Сеньор дон Мигуэль фақат барои он ки одами мефиристодагӣ набуд. Баъзе чизҳоро ба шумо хабар доданӣ будам, ки ба каси бегона бовар карда гуфтан мумкин набуд. Он чӣ ки ба шумо нақл мекунам, мутаассифона, аз ман миннатдор намешавед. Вале ҳаётам ба шумо тааллуқ дорад ва ман ваъда дода будам, ки ҳамаашро ба шумо хабар дода меистам.
Эль-Койот мисли моргазида ҷаста аз ҷой хест:
— Дар бораи мустангер ва Исидора! Ман аз чеҳраат мехонам. Бонуи ту бо ӯ вомехӯрд магар?
— Не, сеньор. Ба ҳар ҳол, ба андозае ки ман медонам, онҳо пас аз ҳамон мулоқоти аввал бо якдигар вонахӯрдаанд.
— Набошад чӣ? — хотираш ҷамъ шуда пурсид Диас.— То вақт дар меҳмонхона истиқомат кардани ӯ Исидора дар ҳамин ҷо буд? Ягон воқеа рӯй дод?
— Ҳа, дон Мигуэль. Се маротиба ман аз донья Исидора барои вай сабади пур аз нуклу наво бурдам. Маротибаи охир мактуб ҳам буд.
— Мактуб! Мазмунашро медонӣ, онро хондӣ?!
— Ба туфайли шумо, ба туфайли меҳрубонии шумо нисбат ба мани бачаи бечора, онро хонда баромадам ва ҳатто рӯбардор кардам.
— Мактуб ҳамроҳат?
— Ҳа! Ана дидед, дон Мигуэль, маро ба мактаб фиристодани шумо барабас нарафт! Ана донья Исидора ба ӯ чӣ навиштааст.
Диас бесаброна чанг зада мактубро аз дасти вай гирифт ва ҳарисона ба хондан сар кард. Аммо мактуб, гӯё ҳатто ба ӯ таскин бахшид.

пешина
аз 509
навбатӣ