Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
ин тариқ онҳо ба ягон қарор наомада, дар канори посӯлка хайрухуш карда хона ба хона рафтанд.
— Лаънат! — аз остони ҳакален худ ба дарун қадам монда хитоб намуд Эл-Койот ва худро ба рӯи ҷойгаҳи қамишии худ партофт. — Баъди ин гумон аст, ки хоби кас барад. Худоё, ин чӣ ваҳшат! Кас талхакаф мешавад! Ва чизи гарм мешудагӣ нест — обдон холӣ. Майхона маҳкам: Ҳама хобидааст. Ё модархудои қуддуса! Инс буд, ҷинс буд? Шабах? Не. Охир ман худам ба баданаш даст расондам. Висенте ҳам аз дигар паҳлӯяш дошт.
Охир саҳв карданамон мумкин набуд! Агар вай хӯса мебуд, барои чӣ ва ба кӣ лозим? Ба ҷуз ману рафиқонам дар дашт барпо кардани бал-маскарад ба кӣ лозим буд? Ба асфалуссофилин равад! Чӣ гуна ниқоби ваҳшатноке!.. Ист, аз ман пештар нарафта бошанд? Шояд, ягон каси дигар ҳазор долларро ҳалол карда гирифта бошад? Шояд, ӯ марди ирландии мақтул ва сарбурида буд, ки сарашро дар даст дошта мебурд? Не, ин кори вамешудагӣ — ваҳшатовар, ғайриҳақиқӣ, аз ақл берун! Набошад чист?... Аҳа, фаҳмидам! Мумкин ӯро аз омадани мо огоҳ карда бошанд ё ба ҳар ҳол метавонист аз ягон чиз гумонбар шавад. Ва ин масхарабозӣ барои тарсонидани мо буд. Шояд, ӯ худаш шоҳиди фирори шармандавори мо буд. Ҳазор лаънат! Вале сирри моро кӣ фош карда метавонист? Ҳеҷ кас. Охир ҳеҷ кас аз нақшаи ман хабар надошт. Дар он сурат вай ин гуна шӯхиҳои иблисонаро чӣ тавр тайёр карда метавонист?... Э, ҳа, фаромӯш кардаам! Охир мо дар рӯзи равшан аз дашт гузашта мерафтем. Моро дида, аз нияти мо пай бурда метавонистанд. Яқин ҳамин тавр! Баъд, ҳоло ки мо дар беша тағйири либос мекардем, ӯ дар ин байн ҳама корро соз кардааст. Дигар шарҳу баён надорад. Аблаҳон!
Аз хӯса тарсидем! Карамба! Ин ҷонашро намемераҳонад! Фардо боз ба Аламо меравам. Агарчӣ барои ин як сол лозим шавад ҳам, ман ҳазор долларро ҳалол карда мегирам! Зимнан, гап дар сари пул не. Исидораро аз даст доданам кифоя. Шояд, ин ҳамин тавр набошад, вале ҳатто гумону шубҳа тоқатфарсост. Ба шарте фаҳмам, ки Исидора ӯро дӯст медорад ва онҳо бо ҳамдигар вохӯрдаанд пас аз он ки... Худоё! Ман девона мешававам! Ва дар сари ҷаҳлам на фақат шахсеро, ки чашми дидан надорам, балки занеро, ки дӯсташ медорам, зада мекушам! Эҳ донья Исидора Коварубио де Лос-Льянос! Фриштаи ҳусну ҷамол ва иблиси макру фириб! Ман туро дар оғӯшам буғӣ карда мекушам ё бо ханҷар дилатро пора месозам! Аз ду якаш бояд қисматчӣ шавад. Ва интихоби инро ба ту вогузор мекунам донья Исидора Коварубио де Лос-Льянос!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор