Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Эль-Койот ва ҳар се рафиқи ӯ, ки тарси ваҳшатнок онҳоро ҳадаҳа мекард, ба сӯи асбони худ тохтанд ва илоҷе карда часпида ба зинҳо савор шуданд.
Онҳо гашта ба кулбаи мустангер даромаданӣ набуданд.
Баръакс, онҳо фақат як чизро мехостанд — аз кулбаи хилват ва аз соҳиби он, ки бо чунин қиёфаи аҷиб дар наздашон пайдо шуд, ҳар чӣ дуртар раванд.
Ба «Дон Морисио» будани вай ҳеҷ кадоми онҳо шубҳа намекард. Аз ҳар ҷои онҳо Диас ӯро нағзтар мешинохт, вале ҳар кадомашон ба андозае ӯро нағз медонистанд, ки дар шахси савораи бесар ҷавони ирландиро шиносанд. Онҳо асп, соқпӯш, серапеи ӯро, ки кори ҳиндуҳои наваҳо буд ва аз серапеҳои мукаррарии мексикой ба нақшҳои рангаш баланди худ фарқ мекард ва ниҳоят сари ӯро шинохтанд.
Онҳо маҳтал накарданд, ки чеҳраи ӯро дурусттар бинанд.
Дар сараш ҳамоно кулоҳ — сомбрерои сиёҳи ялаққосӣ буд, ки одатан Морис-мустангер пӯшида мегашт. Онҳо дар равшании моҳ чӣ тавр ялаққос задани онро диданд.
Ғайр аз ин, онҳо саги калонеро диданд ва Диас дарҳол саги ҷавони ирландӣ будани ӯро шинохт. Саг бадхашмона аккосзанон ба онҳо ҳамла намуд. Рости гап, ин аллакай зиёдатӣ буд, чунки онҳо бе он ҳам роҳи гурезро пеш гирифта буданд.
Ҳар чор савора бо суръати тамоми аз ҳамвории ҷангалзор асп тозонда, аз кӯтал ба дашт баромаданд ва он ҷоеро, ки нияти одамкушӣ доштанд, паси сар карданд.
Вале дар он ҷо ҳам наистоданд, балки асбони худро якзайл чорнаъл давонида, оқибат боз ба ҳамон паттазоре расиданд, ки навакак чолокона сару либоси команчӣ пӯшида буданд.
Гашта тағйири шакл намудан хеле зуд ва басе бедиққатона анҷом дода шуд. Онҳо саросемавор бо оби обдонҳо нақшу нигори ҷангии худро шуста тоза карданд, зуд сару либоси мукаррарии худро аз ковокии дарахтон кашида бароварданд ва ҳамчунон бошитоб тағйири либос намуда, ба сӯи Леона асп тозонданд.
Дар бозгашт онҳо фақат дар бораи савораи бесар гап мезаданд. Дар ҳолате, ки мексикоиҳоро ваҳшат зер карда буд, ҳеҷ
ин ҳодисаи берун аз табиатро фаҳмида наметавонистанд. Ба ҳамчи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор