Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
-
Пас, абошод онҳо пай гирифта рафтанд? Эҳтимол, ба пай мустангер? Агар зинда бошад, ӯ дар кулбааш дар Аламо мебошад. Барои чӣ онҳо ба он ҷо нарафтанд?!.. Ҳа, фаҳмидам! Охир, ғайр аз ман, дар куҷо будани кулбаро касе дуруст намедонад.
Ва агар онҳоро Спенглери фислук роҳнамоӣ мекарда бошад, ӯ албатта, дар дашти табошира изро гум мекунад. Набошад онҳо боз ба ҳамон ҷо рафтанд? -
Ҳа. Шунидам, ки кадом як каси онҳо номи Аламоро ба забон гирифт.
-
Ҳӯш, агар онҳо ба кофтукови мустангер рафта бошанд, ман ҳам меравам. Гарав мебандам, ки ман аз онҳо пештар ӯро меёбам!
-
Барои ҳамин ҳам ман шуморо диданӣ будам. Ҳозир ҳамроҳи падарам ҳар гуна авбошон бисёр рафтанд. Вақти рафтанашон ҳар хел ҳақоратҳо додани онҳоро шунидам. Дар байнашон касоне ҳам буданд, ки мунтазамиён номида мешаванд.
Онҳо мегуфтанд, ки ӯро суд накарда мекушанд. Баъзеи онҳо қасам мехӯрданд, ки бераҳмона ҷазо медиҳанд. Худоё! Агар онҳо ӯро ёбанд ва Морнс бегуноҳ будани худро ба таври бояду шояд исбот карда натавонад, он вақт чӣ мешавад!... Дар авҷи қаҳру ғазаб - охир дар байни онҳо боз Кассий Колхаун ҳам ҳаст! - ба худ тасаввур карда метавонед, ки онҳо бо вай чӣ кор мекунанд? Азизам Зеб, ба хотири ман, барои хотири вай - охир ӯ дӯсти шумост! - зудтар ба Аламо равед! Ҳатман аз онҳо пештар расида Морнсро огоҳ кардан лозим аст. Аспи шумо тезгард нест. Аспи маро гиред, дар аспхонаи мо кадом асп маъқул шавад, ҳамонро гиред... -
Гапатон дуруст, — тайёрчӣ рафтан дида сухани ӯро бурид шикорчӣ. — Дар ҳақиқат мумкин оқибаташ барои ҷавон бад шавад; ҳар чӣ ки аз дастам меояд, ба ӯ ёрдам мекунам. Хотирҷамъ бошед, мисс Луиза. Вақт ҳаст, то кулбаро ёфтан, онҳо дар дашт хеле саргардон шуда мегарданд. Ман бо моддаии парам пештар аз онҳо рафта мерасам, мустанги гули бодоми шумо табъи дилам нест. Агар Плутон аллакай зинашро нагирифта бошад, аспи ман зиёд ор истодааст. Гап паҳӯред — шояд, бо додари шумо ҳеҷ воқеаи нохуш рӯй надода бошад. Аз ваҷҳи покии Моррис-мустангер бошад, ин рӯзи равшан барин ба ман маълум.
Шикорчии пир нияро гуфта, бесулақаона таъзим карда аз дар баромад; духтар бошад ба сӯи ҳуҷраи худ давид, ки аз барои наҷоти дилдодааш дуо хонда, дили пуринтизорашро таскин диҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор