Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
— Аҳ, аҳ! — ғур-ғур кард Зеб.— Пас, ба ҳар ҳол дар байни онҳо ягон гап гузашта буд... Шумо, мисс Луиза, гуфтед, ки... дар байни додари шумо ва Морис-мустангер ҷанҷол шуда буд...
— Азизам Зеб! — фарёд зад ӯ ва дастонашро аз рӯяш гирифта рост ба чашмони шикорчӣ нигарист.— Ваъда диҳед, ки шумо сирри маро пинҳон медоред! Ҳамчун дӯст, ҳамчун одами бовичдон ва одамшаванда ба ман ваъда диҳед. Шумо ваъда медиҳед, рост?
Шикорчӣ ба ҷон ҷавоб дасти азимашро бардошт ва баъд пурмаъноёна ба тарафи чапи сандуқи синааш зад.
Пас аз панҷ дақиқа Зеб аллакай ба асроре, ки зан гоҳ-гоҳ бовар карда ба мард мегӯяд ва фақат ба ҳамон касе сиррашро ошкор менамояд, ки ӯ сазовори иззату эҳтироми самимона аст, ошно карда шуд.
Ба ин иқроршавӣ бештар дар тааҷҷуб мондан мумкин буд, вале бо Зеб Стумп ин воқеа рӯй надоҳарҷӣ; ӯ фақат зери лаб ғур-ғур карда гуфт: «Ман ҳам ҳамин тавр фикр карда будам, ки — хусусан пас аз ҳамон пайган дар дашт шудагӣ, ягон ҳодиса рӯй медиҳад».
— Ҳеҷ ҷои маломаташ нест, мисс Луиза! — дилсӯзона ба гап давом кард Зеб.— Ҳаминро ба шумо гуфтанӣ будам, ки ҳеҷ ҷои шармаш нест. Чи тавре, ки дар тамоми олам аст, дар дашт ҳам зан ба запиаш мондан меҷӯрад. Ва агар шумо дилатонро ба мустангер бахшида бошед, ин ҳоло маънии онро надорад, ки шумо барои худ каси мувофиқ интихоб накардаед. Агарчи ирландӣ бошад ҳам, аз мардуми оддӣ нест, ба гапам бовар кунед! Боқӣ ҳамааш, он чи шумо ба ман нақл кардед, гапи ман гуфтагиро тасдиқ мекунад: агар ин ҷиноят умуман содир карда шуда бошад ҳам, ӯ ин корро намекунад. Чӣ гуна далелҳо ҳаст? Фақат ҳамин ки асп гашта омаду зинаш пӯр аз доги хун буд?
— Афсӯс, боз нишонаҳои дигар ёфт шуданд. Дирӯз аз пагоҳ то бегоҳ ӯро кофта наёфтанд. Изашро гирифта дуру дароз роҳ паймудаанд, ким-чӣ ёфтаанд, вале чӣ буданашро нагуфтанд. Ба фикрам, падарам нахост, ки ман ӯро фаҳмам, аз дигарон ба пурсидан ҷуръат накардам. Каме пеш аз он, ки шуморо дар роҳ дидам, онҳо боз баромада рафтанд.
— Мустангер чӣ? Ӯ барои сафед кардани худ чӣ мегӯяд?
— Оҳ, ман фикр мекардам, ки шумо хабар доред? Охир ӯро ҳам ёфта наметавонанд. Худоё тавба, Худоё тавба! Эҳтимол, ӯ ҳам аз ҳамон дасте, ки додари маро куштааст, ҳалок гардида бошад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор