Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

розе дошт, ки мехост онро бовар карда ба ӯ гӯяд, розе, ки як шабонарӯз инҷониб Луизаро азоб медод.

Зеб Стумп ба ҳавлӣ надаромадан хеле пеш, духтар пешакӣ ба долон фуромад, ки ӯро пешвоз гирад.

Шикорчӣ, зоҳиран аз воқеае, ки аҳли хонаводаро ба ғуму андӯҳ монанда буд, ҳеҷ чиз пай набурда хушу хурсанд ва фориг-болона ба асиенда наздик мешуд.

Ӯ ғалакан дарвозаро гузаронидагӣ дида, дар чеҳрааш аломати ҳайрат намоён гардид.

Ин ғайримуқаррарӣ буд — ба ҳар ҳол дар давраи соҳибони нави аспенда.

Чеҳраи ғамгини зангие, ки Зеб Стумпро дар таги дарвоза пешвоз гирифт, бештар ӯро дар тааҷҷуб момонд.

— Ба ту чӣ шуд, дӯстам Плутон? Афтӯ андомат еноти думбурида барин. Ва чаро дар рӯзи равшан дарвоза ғалака кардагӣ? Умедворам, ҳеҷ ҳодиса рӯй надодааст?

— Оҳ, масса Стумп, рӯй додааст! Айнан рӯй додааст, бадбахтӣ рӯй додааст! Ба гуфтан замон намегардад,— бадбахтии ниҳоят калон рӯй додааст!

— Бадбахтӣ? — ҳитоб намуд шикорчӣ.— Чӣ хел бадбахтӣ, зангӣ? Тезтар гап зан, охир аз он чӣ ки дар чехран ту навишта шудааст, даҳшатангезтар шуданаш мумкин нест! Ба бонуи ҷавони гу-ку ягон воқеа рӯй надодааст? Мисс Луиза...

— Бо мисс Луиза ҳеҷ гап нашудааст. Вале мисли ин ки... Мисси ҷавон дар хона. Масса Стумп, дароед. Дар бораи бадбахтӣ ӯ худаш ба шумо мегӯяд.

— Хоҷаат куҷост? Дар хона аст?

— Не-не! Ӯ ҳозир нест. Масса ҳозир аз хона хеле дур рафтааст. Чоряк соат пеш баромада рафта буд. Ӯ ҳозир дар хона нест. Ӯ ба даште, ки аспони ваҳшӣ зиндагӣ мекунанд, ба ҳамон ҷо рафт. Ба ҳамон ҷое, ки як моҳ пеш ба шикор рафта буданд. Шумо охир медонед, масса Зеб?

— Ба дашти мустангон мегӯӣ? Барои чӣ? Кӣ ҳамроҳаш рафт?

— Ҳамроҳаш масса Колҳаун ва бисёр сентлменҳои сафедпӯсти дигар. Ҳамроҳаш мардуми бисёр рафт.

— Хӯш, мастери ҷавони шумо Генри ҳам, шояд, ҳамроҳашон рафт.

— Оҳ, масса Стумп, ғому ғуссаи мо ҳам ҳамчин! Мусибати тамоми хонавода ҳамин. Масса Генри ҳам рафт. Ва дигар гашта наомад. Аспаш хунолуд ба хона омад. Мардум мегӯяд, ки масса Генри мурдааст!

пешина
аз 509
навбатӣ