Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Плантатор таҳқир намуда, умедвор буд, ки роҳбаладе ёфт мешаваду роҳи Аламоро ба онҳо нишон медиҳад ва отрядро ба кулбаи Морис-мустангер мебарад.

Дар байни ҳозирон чунин одам ёфт нашуд. Плантаторҳо, дӯкондорон, юристҳо, шикорчиён, савдогарони аспу ғуломон — ҳама баробар водии Аламоро нағз намедонистанд.

Дар посёлка фақат як одам — Зеб Стумпи куҳансол вазифаи роҳбаладиро ба ӯҳдаи худ гирифта метавонист. Ҳарчанд кофтуков карда бошанд ҳам, Зеб Стумпро ёфта натавонистанд. Ӯ ба шикор рафта буд ва касонеро, ки барои оварданаш фиристода буданд, наёфта омаданд.

Рости гап, яке аз замони бошандаи асиенда отрядро ба ҷои истиқомати қотили гумонӣ бурда расонида метавонист. Вале Вудли Пойндектер инро намедонист.

Ва надонистагиаш ҳам нағз. Агар плантатори пуртакаббур ақаллан андаке гумонбар мешуд, ки духтари ӯ ба кулбаи танҳои Аламо роҳбаладӣ карда метавонад, ӯ нафақат барои писари ҳалокгаштааш, балки барои духтари гумроҳаш низ ғусса мехӯрд.

Оҳирин касе ки ба кофтукови Зеб Стумп фиристода шуда буд, низ ӯро наёфта ба асиенда баргашт. Дигар маътал нашуданд — ҳама ташнаи қасос буд. Отряд ба роҳ даромад.

Ҳанӯз аз Каса-дель-Корво дур нарафта, он ду нафаре, ки ба онҳо роҳи Аламоро нишон дода метавонистанд, дар дохили асиенда вохӯрданд.

Ин вохӯрӣ на пинҳонӣ буд, на қасдан. Он тасодуфӣ буд.

Зеб Стумп навакак аз шикор баргашта, сайдеро, ки бо милтиқи нишонрасаш зада буд, ба асиенда меовард.

Луиза Пойндектер барои Зеб Стумп, албатта, дар хона буд.
Ғайр аз ин ӯ хеле мехост бо Зеб гуфтугӯ кунад, чунон гапзанон кардан мехост, ки дирӯз аз офтоббаромад то офтобшин аз роҳи он тарафи дарё чашм наканда буд.

Ҳамин ки отряди пургавғо аз назар ғоиб гардид, Луиза аз нав ба асотея баромада, шикорчиро дид, ки савори модиёни пири худ оҳиста-оҳиста наздик мешавад ва ба ӯ сайди бисёр бор карда шудааст. Зеб Стумп, бешубҳа, ба асиенда меомад.

Луиза андоми азими бесулакайро дида хеле хурсанд шуд. Ӯ
медонист, ки Зеб дӯсти дилпур мебошад, ки ба вай сирру асрори аз ҳама махфиро бовар карда гуфтан мумкин аст. Луиза бошад

пешина
аз 509
навбатӣ