Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
мебуд ҳам, аздусар онҳо мусаллаҳ ва бо чунин сару либос меомаданд.
Вале мо медонем, ки онҳо дар ин ҷо барои чӣ ҷамъ шудаанд. Аксарияти онҳо дирӯз ҳамроҳи драгунҳо рафта буданд; акнун ба онҳо касони дигар — сокинони плантацияҳои дурдаст, инчунин шикорчиёне ҳамроҳ шуданд, ки дирӯз дар хона набуданд.
Шумораи одамоне, ки ин пагоҳӣ дар рӯи ҳавлии Каса-дель-Корво гирд омада буданд, аз дирӯз дида зиёдтар буд, агарчи онҳо дар ҷустуҷӯи солдатҳо низ иштирок доштанд.
Дар байни издиҳом аз ҳарбиён ягон кас набуд, вале дар миёни ҷамъомадагон аъзоёни милицияи худихтиёрӣ ҳузур доштанд, ки агарчи ба армияи мунтазам тааллуқ надошта бошанд ҳам, «мунтазамиён» номида мешуданд.
Онҳо аз дигарон на бо сару либос фарқ мекарданд, на бо асалиха, — одами бегона ба ҳеҷ ваҷҳ мунтазамиро шинохта наметавонист, — вале онҳо якдигарашонро мешинохтанд.
Ҳама дар бораи қатл — қатли Генри Поиндекстер гап мезаданд; ҳар замон номи Морис-мустангер шунида мешуд.
Дар дашт пайдошавии савораи пурасрори бесар низ боиси гуфтугузори пурҷӯшу хурӯш мегардид. Онҳо, ки дирӯз ӯро дида буданд, ба касони дар он ҷо набудагӣ пакл мекарданд.
Баъзеҳо ин ҳикояро шӯхӣ дониста, аввал бовар накарданд. Вале ба зудӣ ба шаҳодати муттафиқонаи касоне, ки онҳо бо чашми худ дида буданд, таслим шуданд ва ҳама вуҷуд доштани савораи бесарро эътироф карданд.
Албатта, барои фаҳмидани ин ҳодисаи аҷиб саъю кӯшишҳо ба кор бурда, ҳамагуна фарзу тахмин пешниҳод карда шуд. Вале фақат яке аз онҳо каму беш ба ҳақиқат наздик менамуд — ин фарзу тахмини аллакай маълуми бошандаи сарҳадӣ буд, ки мувофиқи он асп — аспи ҳақиқӣ ва савора — ҳӯса буд.
Ин кор барои чӣ ва аз тарафи кӣ карда шуда буд, ҳатто ҳеҷ кас ба фаҳмонида додани он кӯшиш наменамуд.
Масъалае, ки ин одамонро ба ин ҷо ҷамъ карда буд, ташвишу тараддуди зиёдатиро талаб намекард. Ҳама аллакай тайёр буданд.
Аспони онҳо дар назди асиенда меистоданд, лаҷоми баъзеи онҳоро хизматгорони плантатор медоштанд, вале аксарияташон ба ҳар чӣ ки рост ояд, баста шуда буданд.
Ҳама сабаби ҷамъ омадани худро медонистанд ва фақат мунтазири ҳатми буданд, ки Вудли Поиндекстер, ки ба отряд сардорӣ мекард, ишорати рафтан кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор