Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Фатқат пас аз он ки турук девонавор шиҳа кашид ва нулаи саги аз пасаш тохта истода акси садо барин ба ӯ ҷавоб дод, ба қафо баргашту ба пайраҳа пеш тохт, танҳо ҳамон вақт Колҳаун ба худ омад ва аз нав забонаш кушода шуд.
— Худоё! — бо овози ларзон фарёд зад ӯ. — Ин чӣ маънӣ дошта бошад? Чӣ ин — одам бошад ё иблис? Ё тамоми ин рӯз хоби мудҳиш буд? Ё ман девона шудаам? Девона шудаам, девона шудаам!
Колҳаун ин суханони берабтро гуфтан ҳамон, лаҷоми аспро сахт кашид ва якбора сари аспро ба ақиб гардонд; ӯ гашта ба роҳи омадагиаш асп тозонд, вале суръати гардишаш хеле тезтар буд, зоҳиран аз қасду нияти худ баргашта буд. То ба урдугоҳ расидан ягон маротиба нанстод.
Ӯ дар ин ҷо нӯг-нӯги по ба гулхан наздик шуда, дар паҳлӯи ҳамқадаҳонаш хобид. Вале хобаш набурд — ӯ як дақиқа ҳам миҷҷа таҳ накард; мисли ин ки вараҷааш гирифта бошад, дарақ-дарақ меларзид. Субҳи дамида пардарангии мурдамонанди чехра ва чашмони роғ-рогравандаи нимдевонаашро равшан кард.
Боби XLVI
ЭЪТИРОФИ МАХФИ
Субҳидам дар асиендаи Каса-дель-Корво ва атрофи он шӯре бархоста буд.
Дар рӯи ҳавлӣ мардуми бисёр ҷамъ омада, бо ҳар гуна яроқ мусаллаҳ буданд. Баъзеҳо милтиқҳои дарозмили шикорӣ ё дутира доштанд, баъзеҳо — таппонча, туфангча, баъзеҳо кордҳои калон ё ҳатто томагавк доштанд.
Гуногунии сару либосашон низ аз аспиҳаашон монданӣ надошт: дар тан куртаҳои фланелии сурх, нимтанаҳо аз рӯйчойҳои рангаи байка ва бумазеи кентукӣ, шимҳои пашмии дастибофти чигарранг ва кулохҳои кабуди коғазӣ, памади ва телпакҳои ҷармӣ бар сар, дар по мӯзаҳои соқбаланди даббоғӣ ва аз пӯсти гавазн соқпӯш доштанд. Ин гуна издиҳоми одамони пурқувват ва мусаллаҳро аксар вақтҳо дар деҳоти сарҳадии Техас дидан мумкин буд.
На рангобарангии сару либос, на яроқи онҳо аз мақсади ҷамъшавии онҳо чизе намефаҳмонд. Агар қасду нияти онҳо сулҳхоҳона

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор